Хабарҳо

Фароҳам овардани заминаи иттилоотии самтҳои гуногуни фаъолияти вазорат

Ҳафтаи сипаригардида барои таҳлилу дурнамои соҳа бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, агентиву хадамотҳо ва муассисаҳои давлатии системаи вазорат тањти роњбарии  муовини якуми вазир Раҳмонзода А. А., тариқи рунамоӣ шаклҳои ҳисоботии омории соҳавӣ бо Фароҳам овардани заминаи иттилоотии самтҳои гуногуни фаъолияти вазорат мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Пас аз баррасиву муҳокимарониҳо барои боз ҳам такмил додани онҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои вазорат Муродзода Д. Ҳ –  сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти шаклҳои ҳисоботии меҳнат ва аз ҷониби Қурбонов Н. М – сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ як қатор пешниҳодҳо манзур гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо дар натиҷаи таҷдиди сохтор дар дастгоҳи марказии вазорат бо   мақсади татбиқи минбаъдаи ва таҳкими заминаи иттилоотии самтҳои гуногуни фаъолияти вазорат Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо таъсис дода шуд.

Раёсат фаъолиятро дар доираи низомномааш ҷиҳати фароҳам овардани заминаи иттилоотии самтҳои гуногуни фаъолияти вазорат ва таъмини шаффофияти таҳлилу дурнамои рушди соҳаи  меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ  ба роҳ монда,  мунтазам таҳлили амиқи вазъи соҳаро ба роҳ мемонад.

Дар фарҷом аз ҷониби муовини якуми вазир Раҳмонзода А. А., бо масъулин супориш дода шуд, ки бо назардошти таклифҳои пешниҳодгардида, шаклҳои ҳисоботӣ такмил дода шуда, барои тасдиқ ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод карда шаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки усули мазкур барои рушди омори соҳавӣ, ташаккул, пешбурд ва истифодаи махзани маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ, рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ  мусоидат менамояд.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон: 2362415