Хабарҳо

Ситоди доимоамалкунанда барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021

Рўзи 17 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» бо роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси ситод оид ба омодагии зимистонгузаронӣ Раҳмонзода А.А., ҷаласаи навбатии Ситоди доимоамалкунанда оид ба омодагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷрои фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 майи соли 2020, №62 оид ба тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар дастгоҳи марказӣ ва соҳторҳои таркибии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба масъала  муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д.М гузориш дода, қайд намуд, ки вазъи зимистонгузаронӣ дар сохторҳои Агентӣ зери назорати ситод қарор дошта, сохторҳои тобеи он, асосан бо барқи доимӣ ва гармкунакҳои барқӣ таъмин буда, дар ҳолатҳои муваққатан қатъ гардидани қувваи барқ аз генератори барқӣ истифода хоҳад шуд.

Шишабандии утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассисаҳои таълимии низоми Агентӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, таҷҳизоти аввалиндараҷаи сўхторнишонӣ, аз қабили сўхторхомўшкунакҳо ба қадри  кофӣ мавҷуданд.

Дар ҷараёни баррасӣ ба масъалаҳои саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, тартиб додани санади муқоисавӣ бо муассисаҳои таъминкунандаи неруи барқ, гармӣ, алоқа, партов ва об диққати махсус зоҳир шуд.

Дар фарҷом новобаста аз корҳои анҷомёфта аз ҷониби раиси ситод  ба масъулин ҷиҳати муътадил гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини иҷрои супоришҳои қаблии ситод баррасӣ гардида, нақшаи кории ситод барои моҳи декабри соли ҷорӣ қабул карда шуд.

 

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон: 2362415