Хабарҳо

Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз 16 ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ кулли кормандон ва ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Дарҷ гардид, ки дар марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз институти идораи президентӣ барои кишвари мо, роҳи ягона ва санҷидашуда барои таҳкими давлатдории навини тоҷикон буд. Бо дарки саривақтии муҳимияти он ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба идораи президентӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуда, мардуми шарафманди кишвари мо тавонистанд ба таври шаффофу демократӣ аввалин интихоботи президентиро баргузор ва Президенти худро интихоб намоянд. Шакли идораи президентӣ барои таҳкими шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, тақсими салоҳиятҳои онҳо ва рушди минбаъдаи он мусоидат намуд.

Низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзўр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқукӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрўзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳ о гардид.

Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисобида шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамзамон, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихоб шудан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди Президентиро истифода намуда, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат дар модели нави нави давлатдорӣ табдил доданд.

Иброз гардид, ки маҳз заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд, ки ин меҳру муҳаббати мардуми тоҷик ба Президент ва институти президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Имрўзҳо муҳаққиқон ба омўзиши мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон таваҷҷуҳ намуда, ба шакли идораи президентї дар кишвари мо ҳамчун яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва устувории давлатдорї баҳо медиҳанд.

Инчунин, дар ҷамъомади тантанавӣ омўзгори МДТ “Литсейи касбии техникии автомобилии шаҳри Душанбе” Раҳимов Обидҷон шеъри эҷоднамудаи худро доир ба саҳми таърихӣ ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон манзури ҳозирин намуд.

Дар фарҷом, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолӣ, муҳтарам Ширин Амонзода бори дигар ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъда бурдборӣ ва хонаободию тансиҳатӣ таманно намуданд.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон: 2362415