Хабарҳо

Боздид аз МДТ «Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод»

15 ноябри соли 2020 Гурўҳи кории вазорат бо роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин аз МДТ «Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод» боздид намуданд. Ҳайати Гурўҳи кориро муовини раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Нурия ҳамроҳӣ намуд.

Гурўҳи корӣ бо синфхонаҳо, устохонаҳои таълимӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои хоби хонандагон аз наздик шинос шуда, ба роҳбарияти муассиса ҷиҳати ташкили бештари курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, истифодаи самараноки заминаи моддию техникии муассиса, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, инчунин тақвияти  фаъолияти таълими истеҳсолӣ дастуру тавсияҳо дода шуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо иншооти муассиса масъалаи ҳар чи зудтар таъмир намудани болопўши бомҳои хобгоҳ ва толори маҷлисгоҳ, ки дар натиҷаи шамоли сахт зарар дидаанд, баррасӣ гардида, МД «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ» – и вазорат, роҳбарияти муассиса ва дигар масъулин барои оғоз намудани корҳо муваззаф шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ дар муассисаи мазкур 327 нафар хонанда аз рўи 7 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Дар хобгоҳи литсей 87 нафар истиқомат доранд.

Бинои таълимии муассиса соли 1959 ва бинои хобгоҳи он соли 1985 сохта ба истифода дода шудаанд. Айни замон қисме аз биноҳо ба таъмири ҷорӣ ва қисми дигари он, аз ҷумла бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳ ба таъмири капиталӣ ниёз доранд. Вазорат харҷномаи корҳои азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони муассисаро таҳия намуда, анҷом додани корҳоро марҳила ба марҳила ба нақша гирифтааст.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон: 2362415