Хабарҳо

Ҷаласаи сайёри ситоди кории вазорат дар вилояти Хатлон

Санаи 13 ноябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Ситоди кории вазорат оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Амонзода Ширин ва иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабзода Раҷабалӣ баргузор гардид.

Масъалаи сари  вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ омили мусоидакунанда ба сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти идоракунии давлати ҳифзи меҳнат ҷиҳати назорати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Зикр шуд, ки айни замон бо вуҷуди зери назорати қатъӣ қарор доштани фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъ дар  самти бартарафсозии қарздории музди меҳнат ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Доир ба ин масъала гузориши сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д. шунида шуда,  муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар як вақт раиси ситоди шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба масъала мебошанд, инчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки аз пардохти музди меҳнат қарздоранд, аз натиҷаи фаъолият ва дар бораи сабабҳо ва чораҳои андешида дар самти пешгирӣ, пайдоши ва пардохти қарз аз музди меҳнати кормандон ҳисобот доданд.

Бо муайян гардидани сабабҳои пайдоиши қарз аз музди меҳнати кормандон аз ҷониби раиси ҷаласа ба масъулин бо назардошти хусусиятҳои корхонаҳои қарздор тавсия ва дастуру супоришҳо дода шуданд. Аз ҷумла  таъкид шуд, ки таҳияи ҷадвали моҳ ба моҳ пардохт намудани қарздории музди меҳнат то пурра ҳисобӣ намудани он, фурўши маҳсулоти мавҷуда, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳои ташкилот, ба музояда гузоштани дороиҳои корхона, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа ва ғайраҳо, ки аз ҷумлаи роҳҳои ҳалли масъала маҳсуб меёбанд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар кори ситод иштирок намуда, омодагии худро дар тақвияти фаъолият ва ҳалли мушкилоти мавҷуда иброз намуданд.

Дар хотимаи бо назардошти баррасии масъала ва таҳкими фаъолият ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

телефон: 2362415