Хабарҳо

Боздид аз сохторҳои вазорат дар шаҳрҳои Бохтар ва Леваканти вилояти Хатлон

Рўзи 13 ноябри соли 2020 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз сохторҳои вазорат дар маркази вилоят ва шаҳри Левакант – раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Қурғонтеппа», «Литсейи касбии техники саноати кимиёи шаҳри Левакант», раёсати Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар боздид ба амал овард.

Амонзода Ш. зимни боздид ба самтҳои фаъолият ва шароити кории ҳайати кормандони сохторҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва хадамоти муҳоҷират, касбомўзонии шаҳрвандони бешуғл ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, фарогирӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дастурҳо дода шуданд.

Аз ҷумла, бо ҳайати муҳандисию омўзгории муассисаҳои давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Қурғонтеппа» ва «Литсейи касбии техникии саноати кимиёи шаҳри Левакант» суҳбати озоду самимӣ доир гардида, ҳозирин таманниёт ва шодбошро ба фарорасии Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хушнудӣ пазируфтанд.

Дар Литсейи касбии техникии саноати кимиёи шаҳри Левакант зимни боздид аз осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби қайди мулоҳизаҳои меҳмонони осорхона аз ҷониби вазир чунин сабт гардид: «Дар таърихи 13 ноябри соли 2020 аз муассиса дидан намудам. Муассисае, ки ба тарбияи Президенти ояндаи кишвар ҳанўз дар соли 1969 оғўши худро ба сўи умеду орзуҳои ҷавонмарди деҳотӣ кушоду роҳро ба сўи мазраи минбарҳои баланди бонуфуз машъалафрўз намуд. Ба ҷамъияти омўзгорону мураббиёни ин даргоҳи муқаддас, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасоз саҳми бориз доранд, изҳори сипосу ихлоси фаровон аз номи  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода».

Иброз гардид, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои роҳандозии бештарии курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ мусоид буда, дар ин самт бо мақсади иҷрои  дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати саросар ба касбомўзи фаро гирифтани аҳолии аз 18 сола боло вазорат фаъолиятро тақвият хоҳад дод.

 

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон:2362415