Хабарҳо

Баррасии рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Рўзи 13 ноябри соли 2020 зимни сафари кории вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабзода Раҷабалӣ ва муовинони раисони ноҳияҳои Данғара ва Вахш, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъала «Дар бораи рафти иҷрои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №521 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2021» ва аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» баргузор гардид.

Зикр карда шуд, ки муҳоҷирати дохилӣ бо мақсади азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили шаҳракҳои нави аҳолинишин, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, нигаронида шуда, муҳоҷирати экологӣ бо мақсади пешгирии оқибатҳои нохуш ба нақша гирифта мешавад. Ба ҳолати 12 ноябри соли ҷорӣ иҷрои нақшаи пешбинишудаи муҳоҷирати дохилӣ  93 фоиз ва муҳоҷирати экологӣ 92 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба 10 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳри Исфара ва 10 оилаи муҳоҷирони экологӣ то ҳанўз қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда нашудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ноҳияи Вахш низ ҷудо намудани замини наздиҳавлигиро ба 7 оила муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Тоҷикобод  ба таъхир андохт.  Ҳол он, ки муҳлати ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати иҷрои талаботи қарорҳои болозикр дар моҳи март муайян шудааст.

Дар баробари ин вазорату идораҳо ҷиҳати таъмини инфрасохтори зарурӣ, ба монанди роҳи мошингард, хатти барқ, таъмини оби нўшокӣ ва полезӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра масъул ҳастанд, ки барои истиқомати муҳоҷирон дар маҳали нави зист муҳим аст.

Ҷиҳати суръатбахшии раванди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара ва Вахши вилояти Хатлон ва таъмини иҷрои нақшаи соли 2020 то 1 декабри соли равон, ҳамзамон таъмини инфрасохтор барои муосидат ба истиқомати доимӣ дар маҳалҳои нави зист супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуот Раёсати котибот

Телефон: 2362415