Хабарҳо

Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA)

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) ба имзо расонида шуд.

Зимни баимзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкур Вазири мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Амонзода ва Раиси Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) – Ҷебок Шим зикр намуданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак аз қабили курсҳои кўтоҳмуддат оид ба омўзиши забони кореягӣ дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, таъсиси заминаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ соҳаи кишоварзии  вазорат, такмили ихтисос барои омўзгорон ва устоҳои таълимии литсейҳои касбӣ – техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, бо кор таъмин кардани хатмкунандагони курсҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Кореяи Ҷанубӣ, ба роҳ монда мешаванд.

Тарафҳо бо умеди густариши ҳамкориҳои бештар барои татбиқи саривақтӣ ва самарабахши чорабиниҳои Ёддошти тафоҳуми зикршуда ба мувофиқа расиданд.

 

 

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон: 2362415