Хабарҳо

Таҷлили ҷашни 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорат

Имрўз 5-уми ноябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои таркибии вазорат баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Ширин Амонзода бо сухани табрикотӣ, кулли кормандон ва ҳозиринро ба солгарди қабули Колститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду  мустақил,  ҳамзамон санади танзимкунандаву  муайянсозандаи  низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Аз ҷониби вазир зикр гардид, ки бо азму иродаи ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд оварда, дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид. Санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид. Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи  андешаи созанда,  арзишҳо  ва суннату   анъанаҳои   пурқимати   миллии  мо  ва дар  айни  замон  бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Маълум аст, ки асоси ҳар як конститутсияро андешаи миллӣ ва майлу иродаи мардум доир ба сохти давлатдорӣ  ва моҳияти  ҳокимият  ташкил медиҳад, ки ин ҳама аз сарчашмаи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат маншаъ мегирад.

Дар идомаи суханронӣ вазир бо ёдоварӣ аз маросими сангандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Сарвари давлат барои 7 соли оянда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳамаи соҳаҳо ва ниҳодҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  Барои ин бояд ҳар яки  мову шумо ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми  кўшишу  ғайрати худро  барои  пешрафти  давлат,  таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани  азизамон  дар  арсаи байналмилалӣ  равона созем.

 

Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

Телефон 2362415