Хабарҳо

Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Гулрў Ҷабборзода дар маҷлиси XXXIII Шўрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ

Санаи 29 октябри соли ҷорӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Гулрў Ҷабборзода дар маҷлиси XXXIII Шўрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.

Тибқи рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои мазкур, ки тариқи онлайн сурат гирифт, зиёда аз 16 масъалаҳои мубрами рўз доир ба вазъи бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои Шўро бахусус доир ба чораҳои андешидаи давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи пандемияи бемории COVID-19, таҷрибаи татбиқшуда дар самти паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ гузориш доданд. 

Доир ба вазъи иҷтимоию мехнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҳои андешидашуда дар давраи паҳншавии пандемияи бемории COVID-19 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Гулрў Ҷабборзода маърўза намуданд. Вазир зикр намуданд, ки бо мақсади дастгирии соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди ҷумҳурӣ ва тақвияти њифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ: маъюбону нафақахурон ва оилаҳои камбизоат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, №1544 ба тавсиб расид. Илова бар ин давра тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020,  №1580 аз 1 сентябри соли ҷорӣ  маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия зиёд карда шуданд. Илова бар ин аз ҷониби вазорат нақшаи зиддибуҳронӣ барои паст намудани шиддати пандемияи бемории COVID-19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират таҳия шудааст, ки тибқи он як қатор чорабиниҳо дар ин самт татбиқ шуда истодаанд.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин, ҷараёни омодасозии як қатор лоиҳаҳои санадҳои намунавӣ доир ба меҳнат, меъёрбандии меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳокима ва баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи мазкур тасмим гирифта шуд, ки давлатҳои аъзои ИДМ дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ҳамкории муштаракро ҷиҳати татбиқи чораҳои амалӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ бояд вусъат диҳанд.

Дар хотимаи маҷлис аъзои Шурои машаратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба макон ва замони баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар соли 2021 қарори дахлдор қабул намуданд.

          Шуъбаи ташкилӣ

Ва матбуоти Раёсати котибот

          Телефон: 2362415