Хабарҳо

Роҳ ба сўи Стратегияи миллии шуғли Тоҷикистон барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ

 

Рўзи 12 октябри соли 2020 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир муҳтарам Раҳмонзода Абдулғафор Азиз видеоконфронс дар мавзўи «Роҳ ба сўи Стратегияи миллии шуғли Тоҷикистон барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ аз ҷониби вазорат сардорони раёсатҳои молия, таҳлил ва дурнамо Музафаров Ҳ,, муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ Ашурализода А., муносибатҳои байналмилалӣ Исломова Ф., муҳоҷирати аҳолӣ Самадов Б., сармутахассиси Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Н., сардори шубаи рушди ҳунармандӣ Ормонов М., сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоии Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ Ҳабибӣ Ф., муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д., муовини сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Қадамов Ҳ., директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат Маҳмадбекзода М. ва аз Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон Аминов Собир, сармутахассис оид ба масъалаҳои бозори меҳнати Бюрои (дафтари) Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Пушкин Михаил, коршиносони байналмилалию миллӣ Дункан Кэмпбэлл, Пьер Роннас ва Субҳон Ашуров ширкат варзиданд.

Видеоконфронсро муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулғафор Азиз ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба роҳбарияти Бюрои (дафтари) Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва намояндагони он барои дастгирии ташаббуси вазорат ҷиҳати таҳия намудани ҳуҷҷати консептуалии муосир оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳори сипос намуданд.

Сипас, аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Дункан Кэмпбэлл лоиҳаи мухтасари ҳуҷҷати консептуалӣ «Роҳ ба сўи Стратегияи миллии шуғли Тоҷикистон барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ» муаррифӣ гардид, ки фарогири ҷанбаҳои демографӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инвеститсионӣ ва молиявӣ буд.

Дар муҳокимаи ҳуҷҷати мазкур муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулғафор Азиз, коршиноси миллӣ Субҳон Ашуров, сармутахассиси Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ Қурбонов Н., сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Исломова Ф. ва дигар масъулин аз вазорат иштирок намуданд.

Инчунин, дар муҳокимаи бахши иҷтимоии ин ҳуҷҷат коршиноси дигари байналмилалӣ Пьер Роннас ибрози назар намуд.

Дар фарҷоми кори видеоконфронс муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулғафор Азиз   бори дигар нисбати дастгирии ташаббуси вазорат роҷеъ ба таҳияи ҳуҷҷати консептуалии болозикр аз ҷониби роҳбарияти Бюрои (дафтари) Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, умедворӣ баён доштанд, ки он барои таҳким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи вазорат дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ин нуқтаи назар аз ҷониби сармутахассис оид ба масъалаҳои бозори меҳнати Бюрои (дафтари) Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Пушкин Михаил низ таъкид гардид.

Бо ҳамин видеоконфронси мазкур ба кори худ хотима бахшид.

         Шуъбаи ташкилӣ

ва матбуоти Раёсати котибот

           Тел: 236-24-15

 

Max