Хабарҳо

Мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Гулрў Ҷабборзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протман

 

30 сентябри  соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии  Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протман, Роҳбари  Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ)  Сабине Олтхоф, Менеджери лоиҳаи ҷадиди «Беҳтарсозии вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» Маритта Шлайерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо  доир ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғл ибрози назар намуда, аз натиҷаҳои то ба имруз ба дастомада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гулрў Ҷабборзода иброз дошт, ки Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) барои татбиқи якқатор лоиҳаҳо дар соҳаи вазорат бахусус, таълими калонсолон ва касбомўзии шаҳрвандони бекор саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки лоиҳаи нави муштарак, ки барои беҳтарсозии вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст, муҳим буда, бахусус дар шароити пандемияи COVID-19 татбиқи он саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон,  ҷаноби Сафир ва Роҳбари  Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ)  омодагии хешро барои татбиқи самараноки он иброз намуданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқат расиданд, ки баҳри  шафоф ва самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур дар минтақаҳои интихобшуда  дар назди вазорат Кумитаи роҳбарикунандаи муштарак таъсис дода шавад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба фарҷом расид.

 

Max