Хабарҳо

Ҷаласаи шашуми сайёри Кумитаи назораткунанда доир ба татбиқи лоиҳаи пилотии “Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ” дар ш.Ҳисор баргузор гардид

 

Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ, дар ҷамоати деҳоти Сомон ва Шӯроби афғони шаҳри Ҳисор Ҷаласаи шашуми сайёри Кумитаи назораткунанда доир ба лоихаи пилотии   “ Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссави” бо иштироки роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҷоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон ва роҳбари Намояндагии ФАО дар Тоҷикистон, аъзоёни Кумитаи назораткунанда – намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар доир гардид.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур, беҳбуди воситаи рўзгузаронӣ ё истеҳсолкунандагон ва дигар субъектҳои  занҷираи арзиши кишоварзӣ бо тамаркуз ба хонаводаҳои муҷоҷирон ва шахсони аз мухочирати мехнати баргашта мебошад. Ҳамчунин  дар доираи грантҳои пешниҳодгардидаи лоиҳаи мазкур   ташкили гармхонаҳо ҷиҳати ғани гардонидани буҷаи оилавӣ, барқарор намудани фаъолияти гармхонаҳо ва таъминот бо таҷҳизот ва лавозимоти муосири гармидиҳӣ ва микроиқлимӣ, роҳандозии парвариши сабзавот , бо маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза,  мунтазам таъмин намудани аҳоли, алалхусус дар  фасли зимистон ва муҳимтар аз зама боло бурдани сатҳи зиндагиву бо кор таьмин намудани аҳолӣ мебошад.

Кумитаи назораткунанда аз вазъи татбиқи лоиҳаҳои пилотии таъсис ва рушди фаъолияти гармхонаҳо, занбӯрпарварӣ, ва чорводорӣ, ки бо кумаки Намояндагии ФАО дар Ҷумхурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи  “Пешбурди рушди фарогири иқтисодӣ тавассути грантҳои ҳиссавӣ”  дар ду ноҳияи пилотӣ: шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ татбиқ гардида, дар доираи он 41 оилаҳои муҷоҷирони меҳнатӣ аз грантҳои мазкур бархӯрдор гардида, бо истифода аз усулҳои нави агротехникӣ ба истеҳсоли махсулоти гуногуни кишварзӣ машғуланд.

Татбиқи босамари ингуна лоиҳаҳо барои рушди шуғлнокии аҳолии деҳот  ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ва рушди босуръати хоҷагидорӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

Max