Хабарҳо

Мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кристафор Политис

 

Санаи 25 августи соли ҷорӣ мулоқоти муовини  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кристафор Политис доир гардид.

Зимни мулоқот паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат ва иқдомҳои пешгирифтаи Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсири пандемияи COVID-19, аз ҷумла  дар самти бозори меҳнат, шуғли пурмаҳсул, аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, бокортаъминкунӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мулоқот дар фазои дўстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, Тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти Тарафҳо ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.

Max