Хабарҳо

Тренинг дар мавзӯи “Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа”

 

Санаи 20 августи соли 2020 дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи (ГИЛ) “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа” барои аъзоёни Кумитаи машваратии соҳавии назди  муассисаҳои таълимии литсейҳои  касбии техникии шаҳри Душанбе (ҳадафииӣ) баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории тренинги мазкур баррасии аҳамияти ворид намудани ҷамбаҳои гендерӣ ба системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ –техникӣ ва омӯзиш, инчунин  нақши Кумитаи машваратии соҳавӣ дар таҳкими лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”  мебошад. Бояд қайд кард, ки тренинги мазкур барои аъзоёни Кумитаи машваратии соҳавии назди  муассисаҳои таълимии ҳадафии шаҳру ноҳияҳои тобеъ, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд баргузор карда шудаст.

Зимни тренинги мазкур мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа,  коршиносон, намояндагони Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, вобаста ба  татбиқи сиёсати гендерӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи занон дар бозори меҳнати кишвар ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди оила, методологияи таълим дар асоси салоҳият, нақши Кумитаи машваратии соҳавӣ дар таҳкими системаи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”  ва механизми дарёфти роҳҳои тавонмандсозии  Кумитаи машваратии соҳавӣ ибрози назар карданд.

Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Ҳадафҳои асосии Лоиҳа навоварӣ намудани методологияи тайёр намудани мутахассисон барои истеҳсолоти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ғайр аз ин,  Лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунӣ ва роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардида аст.

Max