Хабарҳо

Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Давлати Фаластин

 

Санаи 11  августи соли 2020 мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо сафири Давлати Фаластин ҷаноби Луай Иффа баргузор гардид.

Зимни мулоқот паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаластин дар ҷанбаҳои гуногун, инчунин сиёсати давлат дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазорат, бахусус шуғли аҳолӣ  ва масъалаҳои бокортаъминкунии занон мавриди муҳокима қарор гирифт.  Ҷаноби сафир аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсат ва идоракунии давлатӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, Тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти Тарафҳо ба мақсад мувофиқ  ҳисобиданд.

Max