Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Меҳнат» – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4 августи соли равон маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Меҳнат» – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он 3 масъала «Дар бораи аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба кори дигар гузаштан озод намудани Сангинзода Э.Н., интихоби раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи интихоби муовини раис ва котиби ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и вазорат ва “Дар бораи пешниҳоди номзад аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Меҳнат» – и вазорат ба вакилии Конференсияи ХХХIХ ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо овоздиҳии кушода Ализода Алишер Ҳикматулло – муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и вазорат, Ормонов М.А. – муовини сардори Раёсати бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат – муовин ва Собирзода С.Қ. – котиби ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардиданд.

Тибқи масъалаи сеюми рўзнома Ализода Алишер Ҳикматулло – муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Меҳнат” – и вазорат номзад аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Меҳнат» – вазорат ба вакилии Конференсияи ХХХIХ ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоб гардид

Собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода А.А., ки маҷлисро раисӣ мекард, дар ҷараён ва дар анҷоми маҷлиси ҳизбӣ дар бораи сиёсати пешгирифтаи бунёдкорона ва созандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дўстдории ватану миллат, ҳамеша бо халқ ва дар паҳлуи халқ будан, корҳои омодагии аъзои ташкилот ба маъракаи сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, таъкид намуд, ки аъзои ташкилот  аз ҳарвақта бештар дар иҷрои ҳамаи корҳои ҳизбӣ боз ҳам муттаҳидтар гарданд.

Max