Хабарҳо

Марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар соли 2020

 

24 июли соли 2020 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти  « Ҷоми Пешвои миллат» дар соли 2020 бо иштироки муовини якуми вазир Раҳмонзода А. ва намояндаи Кумитаи  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа доир гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Раҳмонзода А. дар пайравӣ ба  ташаббусҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат”  арҷ гузошта, қайд намуд, ки бозии шоҳмот яке аз маъмултарин бозиҳои варзиши ақлонӣ ва зеҳнӣ буда, дар такмилу рушди тафаккури ақлонӣ мавқеи хоса дорад.

Зикр гардид, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти  «Ҷоми Пешвои миллат»  дар соли 2020 баҳри рушду нумуи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва оммавигардонии он равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 40 корманди дастгоҳи маразии вазорат ва сохторҳои он ширкат намуда,  аз ин шумора 8 нафар ба давраи дуюми мусобиқаи мазкур дар вазорат роҳ ёфтанд.

Max