Хабарҳо

Баргузории ҷаласа оид лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

 

Имрўз  таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрў бо иштироки мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Нурулло Оқилзода  ҷаласаи Гурўҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Кумитаи рушди маҳал, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Хадамоти алоқа, Бонки милли Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандон, Рушди эҷодии Тоҷикистон ва дигар аъзои гурўҳи корӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» муҳокима ва баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»  қайд карда шуд, ки Барнома дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” барои вусъатбахшӣ ба эҳё ва омўзиши ҳунарҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ ҳамчун соҳаи таъмини шуғли самаранок дар деҳот ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Доир ба масъалаи таъсиси «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон Қурбонзода Ф. баромад намуда, қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъсис додани «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва супориши Протоколи ҷаласаи назди ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз 19 июни соли 2020 дар заминаи  47 муассисаи давлатии таълимии системаи вазорат аз ҷумла, дар 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе, Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ, 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд, 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Хатлон, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ВМКБ ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» таъсис дода мешавад.

Ҷиҳати таъсиси «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» 94 воҳиди корӣ ҷудо гардидааст, ки барои пардохти музди меҳнат ва эҳтиёҷоти иҷтимоии он  аз ҳисоби захираҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 915,1 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, пардохти он аз 1 январи соли 2021  амалӣ карда мешавад.

Мавриди  зикр аст, ки дар «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» зиёда аз 50 номгўйи касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир омўзонда мешаванд, ки вобаста ба ҳар яки онҳо стандарти тахассусӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда мешаванд, Айни замон барои 38 номгўйи касбҳои омўхташаванда, нақша ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи Низомномаи «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» таҳия гардидааст, ки он дар ҷаласаи гурўҳи корӣ муҳокима гардид.

Дар музокираи лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Нурулло Оқилзода, муовинони вазир Маҳмадуллозода Н.Р., Ализода А.Ҳ., намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Тоҷикистон иштирок намуда, фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Max