Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи Гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва 2 дар рўнамоии «Ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»

 

Имрўз ҷаласаи Гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва 2 дар рўнамоии «Ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалӣ  таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз ва бо иштироки аъзои гурўҳҳои кории зиннаҳои 1 ва 2 –муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ҳамчун шарикони иҷтимоӣ ва коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат баргузор гардид.

Ҷаласаи Гурўҳҳои кориро Раҳмонзода А.А. ҳусни оғоз бахшида, ҳисоботи коршиносони миллии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, доктори илмҳои иқтисодӣ – Ашуров С.Б. ва номзади илмҳои иқтисодӣ –Аминҷонов Р.М. доир ба рўнамоии «Ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» шунида шуд.

Дар баррасии масъала муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷ., муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Д., сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Ҷурабойзода З., сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д. ва муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Саидов С. иштирок намуда, нуқтаи назари худро доир ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 баён намуданд.

Татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосии стратегии давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳадафи асосии Стратегия аз мусоидат намудан дар баланд гардидани сатҳи шуғл бо роҳи фаъолгардонии аҳолии қобили меҳнат, такмилдиҳии муҳити соҳибкорӣ ва таъсис додани бозори меҳнати фасеҳ, ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас иборат мебошад.

Дар оғози соли равон вазорат ба анҷом расидани муҳлати татбиқи Стратегияро ба инобат гирифта, дар ду самт: гузаронидани арзёбӣ ва мониторинг ва дар ин асос таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалиро ба нақша гирифт.

Дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2020 оид ба таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати консептуалӣ – стратегии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни  соли 2020 “Дар бораи Гурўҳи кории байниидоравӣ” дар ду зинна ба тасвиб расид.

Дар рўнамоии ҳисобот оид ба арзёбии Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 Раҳмонзоад А.А. барои сари вақт таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалӣ ба аъзои гурўҳҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Max