Без рубрики Хабарҳо

Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат

 

7 июли соли ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат  бо иштироки аъзои он баргузор гардид. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома «Дар бораи фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020» Ормонов М. ҳисобот дод. Дар муҳокимаи масъала Раҷабов Р., Ахмедов И., Ҳабибӣ Ф., Ашурализода А. иштирок намуда, ба раиси кумита – Ормонов М. саволҳо дода, ҷавобҳо гирифтанд. Дар маҷмўъ, фаъолияти кумита дар соли 2019 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

 

Дар баррасии масъалаи дуюми рўзнома бо овоздиҳии кушода ҳайати нави кумитаи иттифоқи касбаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат иборат аз 7 нафар, раис, раисони комиссияҳо ва муҳосиби он  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамин тавр, аъзои кумита Мақсатуллозода П. бо кули овозҳо раиси кумита, Ҳоҷиев У. – раиси комиссияи тафтишотӣ – назоратӣ, Бобохонзода А. – раиси комиссияи маданӣ – маданӣ, Маллаева Ш. – раиси комиссияи ҳуқуқи кормандон интихоб гардиданд.

Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. навинтихобшудагонро табрику таҳният намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нажмуддинов Ф.Н. ширкат варзида, дар анҷоми маҷлис баромад намуд.

Max