Хабарҳо

Нахустин ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравии Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон

 

18 июни соли ҷорӣ ҷаласаи якуми гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, бо иштироки масъулини дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд доир гардид.

Ба кори ҷаласа муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафор Раҳмонзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди иқтидори инсонӣ ва пешниҳодҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ  (моҳи декабри соли 2018) ироагардида, ки ба дастгирии наврасон ва ҷавонони осебпазир равона гардидаанд, ибрози назар кард.

Раҳмонзода Абдулғафор қайд намуд, ки Модели шуғли фосилавӣ  барои ҷавонон (ба истилоҳи забони англисӣ “Impact Sourcing”) як шакли нави ташкили шуғл (кор берун аз дафтари корӣ) буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз иншооти корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ, тавассути Интернет дар реҷаи воқеӣ новобаста аз реҷаи кор ва ҷои истиқомат иҷро намояд. Ҳамзамон ташкили шуғли фосилавӣ дар муқоиса ба шуғли анъанавӣ барои корфармоён шароит фароҳам меорад, ки берун аз дафтари корӣ бо сарфи хароҷоти ками молиявӣ ва вақти корӣ фаъолияти иқтисодии худро ба сомон расонанд.

Масъули барномаи наврасони ЮНИСЕФ моҳият ва мафҳуми Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, оид ба таҷрибаю дастовардҳои давлатҳои пешрафта дар ин самт маълумот дод.

Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати роҳандозии шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои муайян намудани нақшаи минбаъдаи фаъолият ва самаранок иҷро намудани чорабиниҳои пешбинишуда дар татбиқи Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Гурўҳи корӣ тавсияҳо дода шуд.

Max