Хабарҳо

Баргузории курсҳои сайёри такмили ихтисос барои кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва устоҳои таълими истеҳсолии МДТ

Тибқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2019, №103 ва нақшаи кории  Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и вазорат ба кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва устоҳои таъилми истеҳсолии Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан” ва Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара” курсҳои сайёр баргузор намуд.

Курсҳои сайёри такмили ихтисоси устоҳои таълими истеҳсолии МДТ “Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан” бо фарогирии 18 нафар шунаванда рўзҳои 6 – 18 апрели соли  2020, МДТ “Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара” 7 – 20 апрели 2020 бо фарогирии 13 шунаванда ва 20 – 25 апрели соли 2020 кормандони раёсату шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фарогирии 18 нафар шунаванда доир карда шуд, ки ин усул барои каммасрафии буҷаи сохторҳои таркибии вазорат мусоидат менамояд.

Мувофиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ машғулиятҳо аз рўйи низоми омўзиши технологияи нави ба талаботи муосир ҷавобгў, воқеан номгўйи мавзуъҳои мухталифи таълимӣ сурат гирифта, дар маҷмуъ 96 соат буда,  53 соат назариявӣ ва 43 амалиро дар бар гирифта, барои устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ташкил кард шуд, ки онҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ – методӣ арзёбӣ гардиданд. Машғулиятҳои доиргардида бо роҳбарии мутахассисони муассисаи мазкур ва омўзгорон (лекторон)-и даъватӣ роҳандозӣ шуда, натиҷагирии он мавриди баррасию баҳодиҳӣ қарор дода шуданд.

Мутобиқи нақша-барномаҳои таълимӣ ҳамаи машғулиятҳои назариявию амалӣ аз рўйи ҷадвали дарсии тасдиқгардида дар мавзуъҳои “Банақшагирӣ ва шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ”, “Мониторинги раванди таълим”, “Усулҳо, шаклҳо ва воситаҳои муштараки таълим”, гузаронида шуда, маводи таълимии тақсимотӣ, инчунин дар шакли электронӣ дастраси иштирокдорон гардид.

Max