Хабарҳо

ТАВАҶҶУҲ! Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии Россия мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд

 

Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати пандемияи COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорат иттилоъ медиҳад, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад. Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Россия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд.

Дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, ки дар зер нишон дода шудаанд, тамос гирифта метавонанд.

 

ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (495) 690-41-86

ш. Санкт-Петербург:

+7 (961) 611 16 17

+7 (812) 490 47 46

ш. Уфа:

+7 (347) 276 52 96

+7(927) 231 71 71

+7(927) 945 65 66

ш. Екатеринбург:

+7 (343) 370 23 60

ш. Новосибирск:

+7 (913) 487 38 22

+7 (383) 349 59 70

Max