Хабарҳо

Номаи муҳоҷир: САНГ БАР САРИ МОДАР НААФКАНЕД, КИ САНГ БАР САРИ ХУДАТОН МЕФУРОЯД

 

Солҳост, ки дар кишвари Русия муҳоҷирам ва ин номаро ба модар менависам. Азизи Ширин ному насабам, аз ноҳияи Кўшониён. Аз он хотир, ки шумо -кўрдилону ифротиёнро низ модар зодааст, маҳз ба хотири ин ҳури биҳиштӣ аз ҳаёҳуйи беҳуда ва дурўғбофию сангандозиҳо ба сўи ватан соате даст бардошта, нигоҳ ба ин сатрҳо бандед, то виҷдону имонатон бедор гардад, шояд, ки худ ва Худоро шиносед.

Модари азиз, дар муҳоҷират, ҳатто дар сангинтарин соатҳои он, ки бар сарам дудама боду тўфону бурони нобасомони рўзгори тунукмеҳр рехтааст, ба таассуби кўр нагаравидам, ҳамеша дасти умед ба сўйи Ватан доштам, Ватан қиблаам буд, ҳаргиз қиблаамро дигар накардам ва ҳар бомдод бо иродаи қавӣ ҷонамоз густарда, ба ин қиблаи наҷотбахш саҷда овардам. Ва дунболи дуруду сано суханони дилсўзонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти хеш бо соҳибкорони зодаи Тоҷикистони кишвари Русия борҳо баён карда буданд, дар зеҳнам, мисли панди падар, гардон мегаштанд: «Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад,  бо амали шоистае номи худ ва номи миллатро баланд бардорад».

Ангезаи ин суханони қудратофар, модари гаронқадр, гунае такону таҳрикам доданд, ки вуҷудамро ваҷду шаафи саршори ватандорӣ фаро гирифт ва бар тасмимам тасмим афзуд, то ҳарчи зудтар ду по ба даст гираму ба сўйи Ватан парвоз кунам. Бар он будам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ дер нашудааст! Чунки дар ватани ман пирони солдида виҷдони бедорро бо нангу номуси фарзандӣ – пайванди ниҳоле дар боғи падар, сохтани иморате барои банди ҷигар ва номи муносибе барои гулдухтару шоҳписар барандоз мекунанд, на бо чизи дигар.

Модари дилогоҳу некандеш, аз он биму тарс надорам, ки пас аз бозгашт бар сарам чӣ хоҳад омад, чаро ки аз бузургон шунидаам: «Ҳарчи кишт кунӣ, онро бидаравӣ». Яъне дар баҳои ранҷҳову захмҳои носуре, ки аз асароти раҳдуриву гумномии фарзанд бар шонаи дили абгори шумо расидааст, аз он бештару дардноктар бар ташти дили банда низ хоҳад нишаст. Зеро бори гарони пазмониву дилсўхтагиҳое, ки бар саратон фурў рехтаам, аз он бадтарро зи фарзандони хеш хоҳам дид. Надонам, ки ғарбиён ба ин ҳикмати ҳаёт мувофиқанд ва ё хайр, аммо шарқиён бар онанд, ки то ҳисоби ҳама гунаҳи хешро  дар ин дунё талофӣ накунед, ба он дунё нахоҳед рафт. Нашудааст, ки модарро бисўзеду худ носўхта бимонед; нашудааст, ки дидаи чори модарро хунбор созеду дидаи рушани худро нохунбор бубинед. На, ин тавр набуда! Қиссаи дерини Шарқ низ дар ин маврид аз ҳикмат панд мезанад:

«Пирамарде, ки дар хонаи хеш бо яккафарзанду синҳор зист дошт, рўзе аз харпанҷаи дард ба бистар уфтод ва аз худ ҷунбеву  ҳарфе зоҳир накард, моно ба кундаи дарунсўз буд, ки танҳо нафасаш ба гўш мехурду халос. Ин дам синҳори шаттоҳ бар сари шў моҷаро бардошт, то падарашро бибараду ба ҷангали касногузар ҳаво диҳад, бигзор тўъмаи дарандаҳо гардад, ки дигар ҳеҷ тобу тавони диданашро низ надорад ва агар чунин накунад, оби даҳонашро дар даҳонаш талх хоҳад сохт. Теғи арбадаи зан то ба ҳадде кушандаву сўзанда буд, ки ҳатто гунҷишк дар ҳаво бо талхакаф парчини замин мегашт. Фарзанди беҷигар, ки пойи андешаи ланг ёраш буд ва аз садои ваҳмзои ҳамсар чун заргўш меҳаросиду ба куҷо сар заданро намедонист, шитоболуд чашмони падарро бо латтае маҳкам барбаст, чун халтаи сарбастаи коҳ сари шонаҳо бардошт ва уфтону хезон дарозои роҳ сипарид, ба ҷангали дарандаҳояш овард. Он дам, ки фасли пойиз буд ва боди велгард дарахтҳои ҷангали дилтангро лухт месохт, фарзанди сабукмағз канори харсанги азиму чанори баланди урён ҳамў «занбили сарбастаи пўсидакоҳ»-ро парт дод, ки онсўтар ҳавзоби гандидаву мағорбастаи ғукистон ба нигоҳ мехурд ва аз дур садои дарандаҳои ваҳшӣ ба гўш менишаст. Пасон фориғболу осонафас, навҳе ки дилаш чумча метарошид, як он макони махуфро шодобу баҳорӣ пушти сар ниҳод, ноогаҳ аз он ки худ низ рўзе ба чанголи танҳотар аз танҳоӣ ва бепаноҳӣ хоҳад печид. Аммо, сад афсўс, ки пўсти ғафси ў аз кафи пойи кўдаки пойлучгард, чашми кўраш аз нобинои ланги номард  ва гўши маҳкамаш аз новаи обмурии лойзард мегуфт!

Аз ғайб ба ҷони пирмарди мариз неруву тавон ҳарқат кард, ҷунб хурд ва бо дастони ларзон латтаро аз чашмонаш гушуд ва нигоҳашро ба давру бар хира сохт. Фасли пойизро шинохт, ки боди велгард дарахтҳои ҷангали дилтангро лухт месохт, канортар ҳавзоби гандидаву мағорбастаи ғукистон, сў-сў садои дарандаҳои ваҳшӣ ва харсанги азиму чанори баланди урён барояш ошно намуданд.  Ҳарф пушти лабаш шигифт монд: «Ин ҷоро замоне дида будам, охир!».

Банохост ёдаш омад, гоҳе ки аз осмон дасту зи замин пойи модар биканд, бо моҷарои осмонкафи ҳамсар, ў низ зояндаашро дар фасли пойиз ба канори ин харсанги азиму чинори баланди урён овардаву чун халтаи пўсидакоҳи сарбаста парт дода буд, ки онсўтар он ҳавзоби гандидаву мағорбастаи ғукистон ба нигоҳ мехурд. Фарзанд дунболи тани танҳову бепаноҳ гузоштани модари бечора шодобу баҳорӣ аз макони махуф фирор кард ва дигар аз фарҷом суроғ ҳам нагирифт.

Ин дам чашмони пирмард аз ашк ғарқоб гаштанд ва аз рўйи лабони парсинбастааш бо ларз ҳарф бадар омад: «Аз мост, ки бар мост! Он чи бар сари  модар овардам, аз фарзанд бар ман ҳам фурў рехт, ҳисоб талофӣ шуд. Лек саҳеҳ дарк кардам, агар масъулияти волидайн дар кўдакӣ даст гирифтану ба камол расонидани фарзанд бошад, масъулияти фарзанд даст гирифтани волидайн дар фасли пириву нотавонист. Ин ҷо «бигўмагў»-е ҷо надорад, ҳеҷ қазияву сабаби дигаре баҳона  нест, зеро модар барои ҳама махлуқи олам модар ва аввалин болбахшои парвозҳои инсон дар ҳаёт аст, ки метавон аз ҳама гузашт, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон, ки аз модар рў гардонд ва дар дами пирӣ танҳову бепаноҳаш ниҳод. Иқрорам, ки бузургтарин гуноҳ ва иштибоҳу шикасти толеам он соат буд, ки модари арҷмандамро канори гандидаоби ҷангал ҳаво додам, бехабар аз он ки шурўъ аз ҳамў дақиқа нафаси осудаву роҳат аз ман батамом фирор намуд ва ҳатто дигар парандаи табассум ҳам лаҳзаяке майли нишастан ба боми лабамро накард. Акнун ки, баъди бесариву хомандешиҳо, аз худ гаштаю баргашта пушаймон мехурам, бо саҷда ба даргоҳи Худои ҳаждаҳ ҳазори олам рў мебарам, ки ҳамин ҳоло ҷойи нишастамро дуним созад, то дар умқи он гумном биғалтам ва ё зудтар аз ҳаракати бод тўъмаи дарандаҳои гуруснаам гардонад, ки дигар нафасеро ҳам зи ҳавои ворастаи Ватан барои қотилу носипосу куҳрие чун ман пушти нохун сазовор набинам. Зеро, дар ҳоле ки модарро нашинохтам, ватанро аз куҷо шиносам?!».

Кас надонад ин соат ҷон аз тани пирмард чи гуна фирор кард, ба ҳар сурат дақиқ аст, он гуна фирор кард, ки зи тани модари танҳову бепаноҳаш дар  ҷангали касногузари дилтанг…

Модари ҳаётбахш, ин дам вуҷудам такон мехурад, ба тафаккур фурўтар меравам, ба мағзам суоли дерин: «Оё Ватан ба ҷойи модар буда метавонад ва ё кадоме аз инҳо бузургтар аст?» гардон мешавад. Бе тардид, борҳо  даври ин суол печидаву аз муҳоҷирони ҳушманд низ назар пурсида будам. Ва ҳар бор ҳам, мартабаву мартабаҳои дигар ҳам  беҳтару бартар аз суханони пурҳикмати фарзанди бузургу фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ посухи муносибу дилобхуре ба нигоҳам барнахурд. Посухи воқеиву муассири устоди забардасти насри муосири тоҷик перомуни суоли матраҳ, ки аз пушти партаи мактаб дар зеҳнам устувор нишаста буд ва солҳои ғурбат бештар домани фикрамро такон медод, ин гуна ба сафҳаи китоби ёдам рехтааст:

«Ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад,  медонад, ки ватан модари ўст, ватан хеш ва табори ўст, ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ўст, ватан шараф ва номуси ўст, ватан ҳама чизи ў ва ҳаёти ўст.

Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ў ёрӣ надиҳад ва ўро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама ба ў нафрат мекунанд, ў бо унвони «оқи модар» машҳур мегардад. «Оқи модар»-ро дар ҳеҷ ҷамъияти инсонӣ роҳ нест.

Ватан ҳам мисли модар аст, балки модари ҳақиқӣ ватан аст! Чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъди зоидан дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, ватан  фарзанди худро як умр аз рўзи пайдо шуданаш то мурданаш тарбия мекунад.

Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дўст медорад, ўро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Оре, ин сифати инсониро ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ  ҳолат набояд аз даст дод, чаро  ки он аз кўдакӣ бо шири модар парастиш ёфта, батадриҷ доман паҳн кардааст. Шири модар бошад, чун хоку обу ҳавои Ватан нафас-нафас бароямон муқаддас мебошад. Ба он далел, ки дар кўдакӣ, гоҳе ки дар ҳавои тамуз ба оббозӣ машғул мегаштем, агар солдидае аз канори соҳил убур мекард, рў ба мо таври ҷид мегуфт: «Ҳо, бачаҳои шўху бепарво, дар об пешоб накунед, онро ифлос насозед, ки синаи модаратон хушк мешавад!». Ин ҳушдор мағзамонро таҳрик медод, бовар устувор ба диламон мепечид, ба ҳурмати шири модар, – аз тарсу бими он ки синаи модарамон хушк нагардад, – обро муқаддас медонистем ва дастамон  барои макрўҳ сохтанаш ҳаргиз пеш намерафт. Шири модар бароямон гунае муқаддас буд, ки ҳатто барои дурўғ набудани ягон ҳарфи воқеӣ ва итминон овардани ҳамсуҳбат «қасам ба шири сафеди модар» мехурдем ва ё агар ба кори норавое даст мезадем, модарамон ранҷишомез таъкид месохт: «Шири додаамро пиҳилат намекунам, синаеро, ки аз он шират додаам, бо корди дудама мебурам!». Он соат ҳузн ба андомамон соя меафканд, буғз роҳи нафасамонро мебаст, дар нигоҳамон ашк ҳалқа мезад ва аз он ки модар бо гуноҳи мо синаашро мебурад, гиряи пурандуҳ то дер моро тарк намегуфт, шояд ҷонамон бадар мерафт, бароямон осонтар буд, аз чунин бар забон овардани модар. Ана ба ҳамин мартабаи баланд сазовор аст модар, ҳамин гуна муқаддас аст бароямон шири ў; шире, ки аз хуни сурх ба сапедӣ табдил меёбад, аз хоку обу ҳавои ватан медамад дар синааш!

Пас инсон то даме, ки ба ҳурмати модар нарасад, ба ватан намерасад ва агар ба Ватан нарасад, ҳеҷ гоҳ ба модар нахоҳад расид!Кўрдилон, ифротиён ва сангандозони ватан бояд ҳамин нуктаро дарк кунанд, вагарна «оқи модар» мегарданд, нафратзада ва аз ҷомеа батамом канда мешаванд. Касе, ки аз ҷомеа ва ватан канда шуд, ноинсон аст! Дунё ҳамин – бар сари Модар-Ватан санг наафканед, ки санг бар сари худатон мефурояд.

 

Таҳияи Сайдаҳмади ЗАРДОН

Max