Хабарҳо

Баргузории тренинги фосилавӣ бо иштироки кормандони масъули вазорат, шарикони сетарафа, вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони байналмилалӣ

 

Бо мақсади саривақт ва босифат пешниҳод намудани маърўзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи муқаррароти конвенсияҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ) дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 26-29 майи соли ҷорӣ тренинги фосилавии онлайнӣ бо иштироки муовини Вазир,  кормандони масъули вазорат, шарикони сетарафа, вазорату идораҳои дахлдор  ва коршиносони байналмилалӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи тренинги фосилавӣ Нурулло Маҳмадуллозода – муовини вазир роҷеъ ба ҳамкориҳои судманди вазорат бо ТБМ ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо баҳри омода намудани мутахассисони соҳа,  баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон ва сифатан беҳтар ба роҳ мондани таҳияи маърузаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияҳои ТБМ нақши муҳим гузошта, дар ин радиф  бо такя ба конвенсияҳои байналмилалӣ сиёсати меҳнат боз ҳам  такмил хоҳад ёфт. Омўзиши таҷрибаи ғании коршиносон  дар таҳияи босифати чунин санадҳо саривақтӣ буда, ҷиҳати барои мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ  низ мусоидат хоҳад кард.

Имрузҳо вазорат бо ТБМ дар самту соҳаҳои мухталиф ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар ин ҷода кумаки амалии шарикони  рушд хуб арзёбӣ мегардад.

Зикр гардид, ки вазорат бо ташкилот минбаъд низ  заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷаба ва мутақобилан судманд фароҳам меоварад.

Дар ин тренинги  омузишии онлайнӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ дар мавзўи мазкур саволу ҷавоб ва изҳори назари ҳамдигарӣ сурат гирифт.

Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола тибқи дархости ТБМ ва иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои саривақтии уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ТБМ» ҳисоботи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи муқаррароти Конвансияҳои батасвибрасида дар якҷоягӣ бо шарикони сетарафа ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия ва  унвонии ТБМ пешниҳод карда мешавад.