Хабарҳо

Кумаки моддии Ҷамъятии тоҷикон “Сомониён”- и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ба донишҷўён ва муҳоҷирон

 

Дар пайравӣ ба иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳтиёчмандон бо мусоидати намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту созмонхои чамъиятии ҳамватанон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишчуён, ки дар вазъи карантин карор доранд, кумаки хайрия расонида шуда истодааст.

18 майи соли 2020 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератси Россия бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, Консулгарии Генералӣ ва дастгирии бевоситаи Ташкилоти Ҷамъятии тоҷикон “Сомониён”-и шаҳри Уфа, ба донишҷўён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳолати карантинӣ қарор доранд, кумакҳои моддӣ дар намуди маводи хӯрокворӣ расонида шуд.

Max