Хабарҳо

Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат: «Пандемияро боздоред: саломатӣ ва бехатарӣ дар ҷойи кор метавонад ҳаётро наҷот диҳад»

 

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини  ҳифзи ҳаёт   ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб намудани диққати корфармоёну соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи  ҳифзи меҳнати кормандон бо ташаббуси  Ташкилоти байналмилалии меҳнат  аз соли 2003 санаи 28 апрел расман  рўзи   умумиҷаҳонии муҳофизати  меҳнат  эълон гардидааст ва онро   бештар аз 100  давлати ҷаҳон   ҷашн мегиранд.

Ташкилоти байналмиллалии меҳнат ба қонунгузории ҳамаи кишварҳо таъсири муассир дорад. Аз соли 1919 то инҷониб беш аз 170 Конвенсияҳо қабул намудааст, ки он давлатҳо, корфармоёнро барои фароҳам овардани шароити корӣ, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоии категорияҳои гуногуни коргарон уҳдадор менамояд.

Тоҷикистон аз рӯзи оғози узвияти худ дар Ташкилоти байналмилалии меҳнат 46 конвенсияи ТБМ-ро ратфикатсия намуд, ки аз онҳо 28 Конвенсия дорои талаботи ҳифзи меҳнат мебошанд.

Ҳамасола, аз ҷониби Ташкилоти байналмиллалии меҳнат  Рўзи  умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ба як мавзўи муҳими соҳа бахшида мешавад. Арзиши натиҷаҳои ҳама гуна фаъолияти меҳнатӣ аз арзиши саломатӣ ва ҳаёти корманд зиёд буда наметавонад. Аз ин лиҳоз,  имсол он ба мавзўи «Пандемияро боздоред:  Саломатӣ ва бехатарӣ дар ҷои кор метавонад ҳаётро наҷот диҳад»  бахшида шудааст.

Ҳукуматҳо, корфармоён, коргарон ва тамоми ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон дар мубориза алайҳи пандемияи COVID-19  ба мушкилотҳо дучор гашта истодаанд. Соли равон вазифаи авалиндараҷаи корфармоён, шарикони иҷтимоӣ, хадамоти ҳифзи меҳнати корхонаҳо ба мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои корӣ, бо диққати махсус ба пандемияи кунунӣ – COVID-19 нигаронида мешавад.

Масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад ва дар иртибот ба ин бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат, инчунин ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати хоса зоҳир менамояд.

Рӯзи ҷаҳонии бехатарии меҳнат ба мубориза бо пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар ҷои кор бо диққати махсус ба  пандемия COVID-19 равона карда мешавад. Мақсади он аз ҳавасмандгардонии муколамаи сетарафаи миллӣ ба масъалаҳои бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат  дар ҷои кор иборат аст.  Вазорату идораҳо имрӯз  ва ин солро  бояд барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи қабули амалияи бехатар дар ҷои кор  ҷиҳати пешгирии  бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои корӣ, бо диққати махсус ба пандемияи кунунӣ – COVID-19  истифода баранд. Бинобар ин, мо бояд пеш аз ҳама, дар фикри саломатии  кормандон ва аҳли хонадони онҳо бошем.

Дар ин рўз бо истифода аз фурсат ба корфармоёну соҳибкорон бори дигар риояи тавсияаҳои зерин дар шароити кунунӣ пешниҳод мегарданд:

– кормандонро бо антисептикҳои пӯст (масалан, насби диспансерҳо) ва рӯмолҳо (салфеткаҳо), даҳонбандҳои безараргардонӣ таъмин намоянд ва инчунин истифодаи онҳоро аз ҷониби кормандон дар даромадгоҳи бино назорат кунанд;

– захираи муваққатии маблағҳо ва дигар воситаҳои ҳимоя бояд барои на камтар аз 5-6 рӯз бошад;

– дар ҳолатҳои фавқулодда ва эҳтимолияти пайдо шудани беморӣ дар корхона, ҳарорати бадани коргаронро дар аввали рӯзи корӣ ва инчунин дар тамоми рӯз назорат кунанд;

– кормандонеро, ки ҳарорати баланд доранд аз ҷои кор дур кунанд;

– ҷойи кори кормандро бо маҳлулҳои безараргардонии вирусӣ тоза намоянд (диққати махсусро ба безараргардонии қитъаҳои умумӣ ва ҳама қисмҳои робитадошта бояд равон кард);

– аз гузаронидани чорабиниҳои калони оммавӣ, ки тамоми кормандонро дар ягон нуқтаи муайян ҷамъ мекунанд, худдорӣ бояд кард;

– муваққатан қатъ намудани сафарҳои хизматии кормандон, алахусус ба кишварҳои хориҷӣ;

– агар дар дохили ширкат, корхона ё муассиса ошхона мавҷуд  бошад, асбобҳои таъиноти маишӣ ва хоҷагии (зарфҳо ва косаю табақ) истифодаашон яккаратаро  истифода намоянд ва пас аз он партофта, безарар гардонида шаванд ва бо тартиби муқаррарӣ нест карда шаванд.  Агар ширкат зарфҳои муқаррариро истифода барад, онҳо бояд дуруст коркард карда шаванд (беҳтараш дар мошинаҳои шустушӯӣ зарфҳо дар реҷае, ки безараргардонии зарфҳоро таъмин мекунад, дар ҳарорати на камтар аз 65 дараҷа дар давоми 90 дақиқа бишўянд);

– аз корфармоён талаб карда мешавад, ки ҳамарӯза ошхонаро бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кунанд;

– роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд, ки шароити бехатар ва ҳифзи меҳнатро таъмин кунанд, инчунин кормандонро аз риояи чораҳои бехатарӣ огоҳ намоянд.

 

Вазорати меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Max