Хабарҳо

Мулоқоти намояндагони соҳаи тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дўзандагии шаҳри Конибодом»

Санаи 21 апрели соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати дўзандагии шаҳри Конибодом» намояндагони соҳаи тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба хонандагон, кормандони муассиса ва падару модарони таълимгирандагон ҷиҳатии пешгирии сироятёбӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 ва шарҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мулоқот доир намуданд.

Дар рафти мулоқот намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба навъи нави коронавируси COVID-19 ва пешгирӣ аз ин намуди беморӣ маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

«Боиси таассуф аст, ки дар дигар давлатҳои ба мо дўсту ҳамсоя бемории коронавирус ба қайд гирифта шуда, вазъият ташвишовар гардидааст. Тамоми олимон, духтурон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бар зидди бемории мазкур муборизаи беамон баранд.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки баҳри солимии ҷомеа қоидаҳои ҳатмии гигиенаро риоя ва ҳангоми сулфаю атса задан, пеш аз омода намудани хўрок, истеъмоли ғизо ва корҳои ҷисмонӣ ҳолати санитарию гигиениро риоя намоем», – гуфт Ф. Садриддинова

Инчунин, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  – ро шарҳ дода, қайд намуд, ки рафтору кирдори хонандагон, хониши онҳо, иштироки онҳо ба дарс, худдорӣ аз оворагардӣ, тарзи муошират, тарзи истифодабарии телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ,  аз ҷониби падару модарон зери назорати доимӣ қарор гирад.

Дар анҷоми мулоқот оид ба масъалаҳои болозикр намояндагони соҳаи тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокчиён ибрози ақида намуданд.

Max