Хабарҳо

БИЁЕД БА ҲАМ БИЁЕМ: муроҷиатномаи диаспораҳои тоҷики Федератсияи Россия ба тамоми диаспораҳо, иттиҳодияҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ

 

Ҳамватанони гиромӣ!

Мо ба ҳамаи бародарону хоҳарони тоҷик, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар, муроҷиат менамоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки чандест тамоми дунё ба вабое бо номи коронавирус мубтало гаштааст. Аз ин вабо ҳазорҳо нафар ҳалок гардида, миллионҳо гирифтор шудаанд. Мутаассифона, касе намедонад, ки он боз чанд вақт идома меёбад ва ҷони чанд ҳазори дигарро мебарад.

Собит шуд, ки дар муқобили ин пандемия ягон давлати абарқудрати дунё бо тамоми иқтидору бомбаҳои атомӣ ва ҳавопаймову киштиҳояш истодагарӣ карда наметавонад. Миллиардҳо пули сарватмандону олигархҳо низ онҳоро аз вабо халос намекунад.

Дар чунин шароити вазнин мо шоҳиди он гаштем, ки аксари кулли давлатҳову миллатҳо, қавму халқиятҳо, дину мазҳабҳо, коммунисту демократҳо, либералу радикалҳо ба кумаки ҳамдигар шитофтанд, якдигарро дилбардорӣ карданд, аз фалокати ҳамдигар таассуф хўрданд. Панди Саъдии бузургвор «Бани одам аъзои якдигаранд» баъди садсолаҳо дар амал тасдиқ шуд.

Дар баробари ин, мутаассифона, гуруҳаку ашхоси алоҳидае низ аз худ дарак доданд, ки пастиву разолат, бадхоҳиву кинаҷўӣ, фитрати пасту касофати ботинашонро тамоми дунё дид. Ин фирқа одамакон дар аксари давлату миллатҳо ҳастанд, вале мо мехоҳем танҳо ба ҳаммиллатон ва ҳамватанони хеш муроҷиат кунем.

Шумо шоҳид ҳастед, ки дар натиҷаи бастани марзҳо ҳазорҳо нафар мусофиру муҳоҷир, сайёҳу корафтода дар кишварҳои хориҷа банд монданд. Тоҷикони мо низ, бахусус муҳоҷирон ба мушкилоти зиёде рў ба рў гаштанд. Мақомоти Тоҷикистон ба қадри имкони хеш бо шаш парвоз аз Россия, ду парвоз аз Хитой, ду парвоз аз Туркия ва як парвоз аз Дубай шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан баргардонданд. Аммо, таассуф, ки ҳудудан сад шаҳрванди ҶТ дар фурудгоҳҳои Россия дармонданд. Ин боиси шўру валвала дар ВАО ва сомонаҳои иҷтимоӣ гардид. Дар баробари чандин ҳамватани баномус ва саховатпешаи мо, ки ба ин мусофирон беғаразона кумак карданд, боз чандин ҳангомаҷўю воҳимачии дигар аз фурсат истифода намуда, хостанд «холи сиёсӣ» ба даст оранд. Аксари мо онҳоро хуб мешиносем ва медонем, ки ин лошахўрон ҳама вақт дар ҷустуҷўи ҳамин гуна ҳангомаву овозаҳои бардурўғ мебошанд. Ҳатто ҳамватани бонанги мо Идиев Меҳриддин, ки чандин мусофирро кумак кардааст, ба ин «ҳомиён» муроҷиат карда гуфт, ки ў ин корро ба хотири Ватан ва миллат, барои савоб кардааст, аз ин рў номи ўро нагиранд ва аз он суиистифода накунанд.

Мо мебинем, ки ҳазорҳо шаҳрвандони Россия, Ўзбекистон ва дигар кишварҳо низ ҳамин ҳолро доранд, вале касе аз ин ҳангома намесозад.

Сомонаҳои тоҷикиро варақ зада, беихтиёр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин гуруҳакҳо дар ҳама ҳолат айб меҷўянд. Масҷидро банданд, инро иқдоми зидди исломӣ медонанд (дар ҳоле, ки ҳатто масҷидҳои Маккаву Мадина баста шудаанд), масҷидро кушоянд боз ҳам инҳо норозиянд. Чунин ба назар мерасад, ки ин тоифа аз он ки дар Тоҷикистон вирус нест, зиқ шудаанд.

Бародарону хоҳарони азиз! Дар ин рўзҳои душвор пеш аз ҳама ба ҳамаи муҳоҷирон, ки кору дастмузди худро аз даст додаанд ва зиндагии сангинеро паси сар мекунанд, тамоми миллати мо дар ташвишу таҳлука мебошад, биёед ба ҳам биёем. Миллатро ба ҳукумативу мухолиф, ғармиву кўлобӣ, тоҷику узбак, наҳзативу коммунист  ҷудо насозем, аз як гиребон сар барорем ва барои шукуфоиву солимӣ, ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз якдилона, сарҷамъона ба қадри кудрату имконоти худ саҳмгузор бошем. Ҳамватанони сарватманд ва қудратманд ба дармондагону ҳоҷатмандон кумак кунанд, соҳибқаламону сухангўён мардумро ба муттаҳидӣ даъват кунанд. Мо дар ҳамбастагӣ ва якдилӣ метавонем бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати якдил, боғурур, муттаҳид, бофарҳанг ва мушкилнописандем.

Мо аз тамоми диаспораҳо ва иттиҳодияҳои тоҷикон дар Россия, Қазоқистон, Аврупо, мамлакатҳои арабӣ, Хитой ва ғайра даъват мекунем, ки бо мо ҳамовоз шаванд. Ҳамватанонро сарпарастӣ ва роҳбарӣ кунанд, аз ҳоли онҳо бохабар бошанд, бо сафоратҳо ва мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Мо боварии комил дорем, ки ин даъвати мо ба хотири шукуфоии миллат пазируфта мешавад. Тоҷикистон, ба пеш!.

Max