Хабарҳо

Семинари омўзишӣ дар мавзўи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият»

 

Рўзҳои 3-21 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тренерони сатҳи бйнлмилалӣ дар Маркази тренингии Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мавзўи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият» барои кормандони муассисаҳои давлатии таълимии литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори семинари мазкур беш аз 250 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ ба омўзиши масъалаҳои шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва талими калонсолон, методологияи навоварии таълим дар асоси салоҳият, талаботи имрўзаи таълимгирандагон, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо, таҳияи харитаи функсионалӣ, барнома ва маводҳои таълимӣ дар асосӣ салоҳият фаро гирита шуданд.

Семинарҳои омўзишӣ барои омўзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои давлатии таълимии ҳадафии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду, Хатлон давра ба давра ба нақша гирифта шудааст.

Max