Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд»

«Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд», изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Сарвари давлат тазаккур доданд: «Мо қариб чор моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем. Фаромўш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд. Яъне зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад. Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд эҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: «моро зарур аст, ки мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем. Бори дигар таъкид месозам, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ўст».

Max