Хабарҳо

ИТТИЛООТИ Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират

Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва  Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо назардошти чораҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Россия барои мубориза бо сирояти коронавирус (Covid-19) андешида шудааст, бо фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, № 635-р аз 00 соату 00 дақиқаи 18 марти соли 2020 то 00 соату 00 дақиқаи 1 майи соли 2020 барои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Федератсияи Россия маҳдудияти муваққатӣ муқаррар гардидааст.

Маҳдудияти мазкур аз ҷумла татбиқ мегардад:

– ба шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии мусоидат ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанон дар Федератсияи Россияро гирифтаанд;

– ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозаи истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россияро гирифтаанд, аммо дар хориҷ аз қаламрави он қарор доранд.

Гувоҳномаи иқомати муваққатии қаблан додашуда, иҷозатномаи истиқомат дар Федератсияи Россия, шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёрӣ барои шахсоне, ки берун аз қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва имконияти бозгашт ба Федератсияи Россияро надоранд то ба охир расидани муҳлати шашмоҳаи иқомати берун аз Федератсияи Россия бекор карда намешаванд.

Max