Хабарҳо

Мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 марти соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулрў Ҷабборзода роҳбари дафтари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристина Транкаро  ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Вазорат ва СБМ дар заминаҳои лоихахои амалкунанда ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Зимнан, аз ҷониби хонум Кристина Транка  роҷеъ ба фаъолияти пурсамари Созмон, ки дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳими кишвар, ҳануз   аз соли 1993 то инҷониб  амалӣ мегардад, маълумоти муфассал ироа гардид. Қайд гардид, ки соли ҷорӣ  миссияи СБМ дар ҶТ 27 солагии хешро таҷлил менамояд.  Тули ин солҳо СБМ фаъолияти худро ба саросари ҷумҳурӣ ва ба шумораи бештари соҳаҳо тавсеа бахшид. Ба ҳайси созмони пешсафи байналмилалӣ дар масоили муҳоҷират, ҷилавгирӣ аз истисмор ва помол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон, дастгирии аъзои оилаи муҳоҷирон, масоили марбут ба сиҳатии ом, махсусан, дар иртибот ба бемориҳои гузаранда, ба монанди сил ва ВНМО бо таваҷҷуҳ ба саломатии муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо, муқовимат бар зидди савдои одамон, мусоидат ба нерӯҳои марзбонии кишвар корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Муҳтарам Гулрў Ҷабборзода роҷеъ ба  ҳамкориҳои дуҷониба  дар татбиқи  лоиҳаҳои амалишаванда дар самти муҳоҷират маълумоти мухтасар дода, баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, мавсуф ҷиҳати мусоидат намудан  дар таҳияи лоиҳаҳои барномаву стратегияҳои ҷадиди соҳа ибрози ақида намуд.

Роҳбари дафтари  СБМ дар ҶТ минатдории хешро бинобар дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат намудан дар  татбиқи босамари Барномаи ҳамгироӣ, устуворӣ ва беҳсозии Тоҷикистону Афғонистон (солҳои 2016-2020) ,  ба унвонии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуд.

Дар интиҳо, ҷонибҳо аҳаммияти идомаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни Вазорат ва СБМ – ро дар  амалисозии нақшаву лоиҳаҳои минбаъда  таъкид карданд.

Max