Хабарҳо

Ҷашни Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорат

 

Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Э.Сангинзода ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид ва ӯ матни табрикотии вазирро қироат намуд.

Матни табрикотии  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

Ҳозирини арҷманд, ҳамкорони гиромӣ!

 Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, 27 сол пур мешавад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ  ва тамоми кормандони системаи вазоратро бо камоли ифтихор самимона табрик менамоям.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ – дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ таъсис дода шудааст. Он  дар шароите таъсис ёфт, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи ибтидоӣ ва шароити одитарини моддиву техникӣ созмон дода шуд.

Дар ин бора  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд намудаанд: «Мо Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва одитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар, мо артишро дар ҷойи воқеан холӣ таъсис додем».

Бо вуҷуди ин бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллатамон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол густариш ёфт. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ҳамчун неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат худро собит намуда, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат намуда истодаанд.

Айни замон, ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ва хусусан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин мебошанд. Ҳайати шахсии он бошад имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати модар – Ватанро адо карда истодаанд.

Ҳамкорони гиромӣ!

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва ҳодисаҳои вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада, торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар    баробари ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Пӯшида нест, ки баъзе нафар шаҳрвандони ноогоҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои эктремистию террористӣ гирифтор шуда, ҳаёти худ ва хонаводаҳои худро ба нестӣ бурданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як субъекти татбиқкунандаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ва харобиовари ҷаҳони муосир дар канор нест ва ҳамасола корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад.

Бояд зикр намоям, ки дар соли 2019 аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 531 нафар ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуда, айни замон қарзи фарзандии худро дар назди Модар – Ватан  адо намуда истодаанд.

Дар ин рӯзи ҷашн масъалаи мазкурро ёдовар шудан тасодуфӣ набуда, балки бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, муқаддас ҳисобидани марзу буми кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ аз тарбияи дуруст дар оила ва муассисаҳои таълимӣ вобастагӣ дорад. Айни ҳол, дар муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат 22 ҳазору 336 нафар таҳсил намуда истодаанд ва ин моро вазифадор менамояд, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани хонандагони муассисаҳо, ташкили майдончаҳои ҳарбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ва ба хизмати ҳарбӣ омода ва ҳавасманд кардани онҳо фаъолиятро боз ҳам беҳтар намоем.

Ҳамчунин кормандони зиёде дар системаи вазорат фаъолият доранд, ки афсарони захира мебошанд, яъне имрӯз ҷашнест, ки дар баробари хизматчиёни ҳарбӣ метавон барои ҳар кадоми мо низ онро муборакбод гуфт.

Ҳоло барои он ки ин марзу бум ва сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ онро самимона дӯст дорем, ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, барои ободиву шукуфоияш талош намоем. Зеро, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар он хатарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ рӯз то рӯз густариш меёбанд, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти давлату миллат аҳамияти торафт азиму арзишманд касб карда истодааст.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

Ҳозирини муҳтарам,

Дар охир  бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бо таманнои он ки осмони Тоҷикистони азиз ҳамеша софу беғубор бошаду дар фазои он танҳо садои мусиқӣ танин андозад ва ҳаргиз садои ҷанг ба гӯш нарасад, ба ҳамагон рӯзгори хушу осуда, тинҷиву амонӣ ва дастархони пурнозу неъматро орзу менамоям.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборак!  

Max