Хабарҳо

Реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта

Санаи 11 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ва директори кишварии Ташкилоти ғайритиҷоратии “Ҳайати Шафқат” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Бурян ва маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайритиҷоратии “Ҳайати Шафқат” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки Ёддошти тафоҳум дар доираи лоиҳаи минтақавии “Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта дар Тоҷикистон”, ки муҳлати татбиқи он 18 моҳро дар бар гирифта, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад, ба имзо расид.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани рушди реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар сатҳи маҳал буда, чорабиниҳои он маъалаҳои дастгирии сиёсати миллӣ, такмил додани системаи идоракунии муҳоҷират, ҷалби бевоситаи муҳоҷирони ба ватан баргашта ба ин система, баланд бардоштани иқтидори кормандон барои таъмини хизматрасонӣ, дастрасии беҳтар ба иттилоот, бархурдор гардидан аз хизматрасониҳо ва ҳамкории муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта бо ниҳодҳои идоракунии муҳоҷират ва мақомотҳои дахлдор дар маҳалро дар бар мегирад.
Зимни вохӯрӣ Тарафҳо барои самаранок амалӣ намудани ҳадаф ва фаъолиятҳои пешбинигардидаи лоиҳа дар ноҳияҳои интихобшуда, ки ба вазифаҳои стратегӣ мутобиқ мебошанд, таваҷҷуҳ намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода омодагии вазоратро барои мусоидат намудан дар ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва ҳамкории минбаъда ҷиҳати такмил додани стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти талаботи нави бозори меҳнат изҳор намуд.

 

Max