Хабарҳо

Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти барномаҳои стратегии мамлакат ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, дар соли 2019 ба натиҷаҳои муайян ноил гардид. Аз ҷумла ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмӯъ 22 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.

Аз ҷониби вазорат вазъи риояи қонунгузории меҳнат ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар ташкилотҳои алоҳида мавриди таҳлилҳои мақсаднок қарор гирифта, натиҷаҳои онҳо 5 маротиба дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи вазорат бо иштироки шарикони иҷтимоӣ баррасӣ гардида, барои ислоҳи вазъ ба мақомоти дахлдор тавсияҳо манзур шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1323,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 111,7 сомонӣ ва ё 9,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар истихроҷи канданиҳои фоиданок 2576,8 сомонӣ, сохтмон 2395,0 сомонӣ ва  неруи барқ, газ ва таъминоти об 2002,0 сомонӣ буда, сатҳи пасттарини он дар  соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 542,9 сомонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2069 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки аз онҳо 1662 адад санҷиши нақшавӣ, 375 адад санҷиши ғайринақшавӣ, 31 адад санҷиши такрорӣ ва 1 адади он санҷиши иловагӣ мебошанд.

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта, 8610   қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 6354 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1663 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 68 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 525 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот доранд, ки аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 5410 адад ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 3200 адади он ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ рабт дошта, аз ҷониби корфармоён маблағи 24 млн. 155,9 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.

Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии шуғли ғайрирасмии шаҳрвандон ва ғайриқонунӣ истифода бурдани меҳнати кӯдакон 44 санҷиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор гузаронида шуда, дар натиҷа 525 адад қонунвайронкунӣ ошкор шуданд.

Дар соли 2019 аз ҷумҳурӣ 530 883 нафар шаҳрванди кишварамон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 453 870 нафар мард ва 77 013 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, 518 066  нафар муҳоҷири меҳнатии кишвар ба Федератсияи Россия ва  9 771  нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2018-ум 62 680 нафар, ё ин ки 13% фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра аз хориҷи кишвар 419 150 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 344  002 нафар мард ва 75 148  нафар зан мебошанд, ки ин 4% нисбати соли 2018 зиёд  аст.

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2019, №494  ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019, №614 ба тасвиб расида, айни замон кор дар самти татбиқи созишномаҳои болозикр идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар соли 2019 як қатор чорабиниҳои муштараки байниҳукуматӣ, аз ҷумла ҷаласаи 16-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  (20 март, ш.Душанбе), ҷаласаи навбатии Гурӯҳи коршиносони Тарафҳо (23-24 декабр, ш.Москва), ҷаласаи 24-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (11 октябр,  ш. Ереван), баргузор гардида, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар соли 2019 ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират 50 593  нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат карданд. Ҳангоми санҷиш ҳолати манъи вуруди дубораи 20 394 нафар шаҳрванди кишварамон ба Федератсияи Россия муайян карда шуда, онҳо аз сафари бебарор ба хориҷи кишвар бозпас гардонида шуданд. Аз ин теъдод ба 10 352  нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1 946  нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 546 нафар дорои касб гардида, 388 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҳамчунин,  дар ин давра дар 183 ширкате, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ риоя гардида, 24 013 нафар, аз ҷумлаи шаҳрвандони маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хабару гузоришҳо ва эълонҳо тавассути телевизион ва радио пахшу инъикос карда мешаванд ва аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ  2 701 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 192 787 нафар муҳоҷири меҳнатӣ  иштирок намуданд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020» ва дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2019 Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саҳми диаспораҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангӣ дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон” баргузор  гардида, дар кори он роҳбарону фаъолони 34 диаспора ва ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва масъулини марбутаи вазорату  идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ,  намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилаливу ғайриҳукуматии муқими Тоҷикистон, васоити ахбори омма ва  коршиносони хориҷӣ  иштирок  намуданд.

Дар соли равон ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 36 140 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардиданд. Дар ин давра бо дахолати намояндагӣ  20 млн. 523 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 34 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин, бо мусоидати намояндагӣ зиёда аз 12 450 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гардиданд.

Аз ҷониби кормандони намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо истифода аз макони будубош, марказҳои тиҷоратӣ, иншооти сохтмонӣ, ошхонаю қаҳвахонаҳо, инчунин минбари масҷидҳо дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 304 вохӯриву суҳбат гузаронида шуданд.

Соли 2019 тибқи квотаи муқарраршуда ба 6 700  нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд.

Дар соли 2019 иҷрои нақшаи кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ 98% ва муҳоҷирати экологӣ 94,3 % таъмин шудааст ё мутаносибан 288 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 311 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ кӯчонида шуданд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ, дар моҳи октябри соли 2019-ум 2 млн. 379,5 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин нишондод 2 млн. 329,0 ҳазор нафар дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд ва 50,5 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ доранд, ки сатҳи расмии бекорӣ  2,1 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 142221 нафар муроҷиат намуданд, ки 106542 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 60045 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар маҷмӯъ, тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 76374 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 6634 нафар (93,5 фоиз зиёд аз нақшаи солонаи барнома) тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) соҳиби ҷойи кор шуданд, ки аз ин шумора 2478 нафарашон (46,72%) зан мебошанд. Инчунин, 3981 нафар аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок, 7846 нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 фоиз зиёд) бо кор таъмин шуданд.

Дар асоси шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5511 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 17900 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ (барнома) дар марказҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, 33295 нафар аз хизматрасонии касбӣ бархӯрдор шуданд.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон 752 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо пешниҳоди 144209 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 10952 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 7846 нафар (71,6%) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 10,4 нафар рост меояд.

Ҳамзамон, тавассути ярмаркаҳо ба 6549 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 1489 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд. Дар маҷмӯъ, тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар давраи баррасишаванда 15884 нафар ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Ҳамин тавр, дар соли 2019 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 238108 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуда, иҷрои барнома ба андозаи 139,4 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати дастрасии шумораи бештари аҳолӣ ва мустақилона бархӯрдор шудан аз хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ сомонаи “Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кори холӣ” www.kor.tj фаъол буда, мунтазам маводи нав ворид карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ  ва воқеӣ 123482 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 53622  (43,4 фоиз) ҷойи кори доимӣ, 30344  (24,5 фоиз) ҷойи кори муваққатӣ ва  33871  (27,4 фоиз) ҷойи кори мавсимӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин давра 1460  (1,2 фоиз) ҷойи кори иловагӣ ва 4185 (3,4 фоиз) ҷойи кори барқароршуда ташкил карда шудааст.

Дар соли 2019 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3981 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 12 млн. 260,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд, ки ин нишондиҳанда 113,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.  Аз ин маблағ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1648 нафар дар ҳаҷми 5 млн. 946,5 ҳазор сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ  ба 1250 нафар ба андозаи 3 млн. 849,9 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ 1083 нафар ба маблағи 2 млн. 464,4 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Дар ин давом, ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1272 нафар ба андозаи 3 млн. 722,3 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.

Тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 11229 нафар ба маблағи 5 млн. 881,7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки ин ба 178,2 фоизи дурнамои барнома рост меояд.

Дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2019, №1648 “Дар бораи авф” қайд менамоем, ки ба ҳолати 24 декабри соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1977 нафар аз маҳбас озодшудагон муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 192 нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ба 1566 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин гардида, 11 нафар ба тайёрии касбӣ сафарбар шуда, ба 1 нафар барои машғул гардидан ба фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

Аз моҳи августи соли 2018 то декабри соли 2019 дар натиҷаи пурсиши вазъи шуғли ҳар як аъзои хонаводаи синни 15-75 сола дар ҷумҳурӣ 103849 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки аз ин шумора 8431 нафар тавассути квота ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар баробари ин 20496 нафар дар марказҳои таълимӣ ба тайёрии касбӣ ва 6372 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд, ба 5586 нафар қарзи имтиёзнок дода шуда, 42769 нафар аз машварати касбӣ истифода намуданд. Инчунин, ба 16213 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 111665 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ, аз ҷумла тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия аз рӯи маҳорати касбии худ соҳиби шаҳодатномаи тасдиқкунандаи маҳорати касбӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дурнамои нишондиҳандаи барнома дар самти ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар сатҳи 107,7 фоиз таъмин карда шуд. Теъдоди умумии касбомӯзон аз ҳисоби маблағҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018 – 2019 дар ин давра 17900 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 14127 нафар (79%) зан ва 11202 нафар (62,5%) ҷавон мебошанд.

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби вазорат нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ гардида, чорабиниҳо тибқи муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда истодаанд.

Ҷалби аҳолии кишвар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила эҳё ва рушди касбу ҳунарҳо ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои вазорат дар ин самт буда, дар соли 2019 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 18273 нафар зану духтари хонашин ва дигар шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.

Айни замон дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22336 нафар, аз ҷумла 4780 нафар духтар таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин шумора 19761 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 2575 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ идомаи таҳсил доранд. Дар муассисаҳои мазкур 1780 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд ва 1039 нафар устои таълими истеҳсолӣ нозукиҳои касбҳоро меомӯзонанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 14362 нафар хонанда қабул гардиданд, аз ҷумла 2941 нафарашон духтар буда, 13036 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 1496 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил доранд.

Дар соли 2019 аз рӯи 36 касби коргарӣ 9 ҳазору 124 нафар тавассути ин курсҳо соҳибкасб гардиданд, ки 2 ҳазору 691 нафари онҳоро духтарону занон ташкил медиҳанд.

Соли 2019 муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро 11690 нафар хамт намуданд, ки аз ин шумора 3497 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 2252 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, 571 нафар ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданд, 3043 нафар ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ дохил шуданд, ба 2336 нафар айни замон барои дарёфти шуғли муносиб чораҳо андешида шуда истодаанд.

Дар соли 2019 дар самти таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешравиҳо ба назар расида, теъдоди омӯзгорон ба 1780 нафар ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ба 1039 нафарро ташкил медиҳад, ки  нисбат ба соли 2018 мутаносибан 50 нафар ва 20 нафар зиёд шудааст.  Теъдоди кадрҳои ҷавони то 30-сола ба 694 нафар расидааст, ки аз соли пешин 32 нафар зиёд аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли 2019 таъминоти раванди таълиму тарбия бо китобҳои дарсӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардида, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 17 ҳазору 429 адад китоби дарсӣ харидорӣ кардаанд, ки аз инҳо 14 ҳазору 404 адад китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ буда, 3 ҳазору 491 адад китоби фанҳои тахассусӣ, стандарту барномаҳои таълимӣ ва овезаю аёниятҳои таълимӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ сол то сол рушд намуда, барои таъмини соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо кадрҳои коргарӣ ва ҳарчи бештар фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбу ҳунарҳо, бахусус ихтисосҳои соҳаи саноати сабук Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара” таъсис дода шуда, 12 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи мазкур оғози расмӣ бахшиданд. Дар муассиса хоҳишмандон аз рӯи ихтисосҳои “Ошпаз – қаннод”, “Системаи компютерӣ ва Интернет – технология”, “Челонгари таъмири (муҳаррик) автомобил”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ”, “Кафшергари газию барқӣ”, “Дӯзанда”, “Калобареси матоъҳои пахтагин”, “Рангубордиҳӣ дар саноати сабук”, “Ёрдамчии усто (нассоҷӣ)” ва “Назоратчии сифат (нассоҷӣ)” ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд.

Ҳамкории вазорат бо лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кӯмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” хуб ба роҳ монда шудаааст.

Дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” аз рӯи 17 ихтисос стандартҳои касбӣ (стандарти салоҳият) коркард шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти 8 литсейи касбии техникӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолон ва 2 филилали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ ба итмом расонида шуда, корҳои сохтмонии 3 литсейи касбии техникӣ идома доранд.

Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва устохонаҳои таълимӣ, биноҳои хобгоҳҳи муассисаҳои таълимии ҳадафӣ идома доранд.

Дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд 1200 нафар омӯзгору устои таълимии литсейҳои касбии техникӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Дар мувофиқа бо роҳбарияти вазорат аз тарафи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кӯмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” 8 маркази захиравӣ ташкил карда шуда, онҳо дар давоми соли 2019 аз рӯи 20 барномаи пилотӣ (барои 20 ихтисос) муҷаҳҳаз гардонида шуда, курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ба роҳ монда шудааст

Тибқи талаботи вазифаҳои техникии лоиҳаи мазкур, барои дуруст истифода бурдани таҷҳизот 133 нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ ва устои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон аз тарафи ширкатҳои дастраскунандаи таҷҳизот аз  курси такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ вазорат ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, барои рушди соҳа як қатор лоиҳаҳоро бо Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират, Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон,  Агентии  Рушд ва Ҳамкории Туркия (TIKA), Бонки  Осиёии Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ амалӣ намуда истодааст.

Дар самти корҳои ободонию созандагӣ моҳи июни соли 2019  дар ноҳияи Рашт ва 6 август дар ноҳияи Балҷувон биноҳои маъмурии вазорат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ба истифода дода шуд.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои банди 37 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон, сохта ба истифода дода шуд.

 

                                                                    Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Max