сайдбар.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амонзода Ширин Шодӣ

05 феврали соли 1978          дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 – Соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев ва соли 2016, Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми давлати Ҷопонро  хатм кардааст.

Ихтисос: забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ, муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1994-1999 – Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Солҳои 1999-2002 Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2003 Аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2002 Масъули коммуникатсионии Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират, шаҳри Душанбе
Солҳои 2002-2004 Котиби масъули коммуникатсионии Дафтари тоҷикистонии Кумитаи шведсиягӣ оид ба Афғонистон, шаҳри Душанбе
Соли 2004 (05-12) Комиссиариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Миллали Мутаҳид, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2006 Масъули бахши протоколии намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО) – 2005 дар шаҳри Айчӣ, Ҷопон
Солҳои 2006-2007 Сармутахассис оид ба Ҳадамоти протоколии Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавӣ, сармутахассиси Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2008 Мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2012 Сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2016 Давраи омӯзишии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон
Солҳои 2012-2017 Сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2019 Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019 – 03.11.2020  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 03 ноябри соли 2020 – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Забонҳои русӣ, англисӣ, ҷопонӣ ва фаронсавиро  медонад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.