Слайдер-tj Хабарҳо

Мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Ҷабборзода Г. қайд намуд, ки ҳамкориҳои судманд дар самти муҳоҷирати  меҳнатӣ  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея маҳз аз сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея аз моҳи апрели соли 2015 сарчашма мегирад.

Дар рафти вохурӣ Тарафҳо ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҷумла интиқоли нерӯи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея, ки айни ҳол дар баррасии ҷониби корея қарор дорад, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин раванд Ҷабборзода Г. пешниҳод намуд, ки то муайян шудани мавқеи Корея ҷиҳати баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея, баррасӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Барнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти дахлдори Ҷумҳурии Корея дар бораи фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Корея тезонида шавад.

Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷаноби Ли Вучёл таъкид намуд, ки  дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳхазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея пазируфта шуда бо ин мақсад 200 адад комютер ҳамчун кумаки техникӣ расонида шуд.

Вазир миннатдории худро барои кумаки техникӣ баён намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои муҳоҷират, касбомӯзӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои ба манфиати тарафҳо изҳори назар намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Max