Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 ноябр дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Пеш аз ҳама, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло ҷамъомади тантанавиро кушода эълон намуда, кулли кормандон ва ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфтанд.

Баъдан, пас аз садо додани суруди миллӣ, муовини вазир ёдоварӣ аз он карданд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи  таърихии 16-уми Шӯрои Олии  Тоҷикистон дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти марзии кишвар тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, кадамҳои нахустин гузошта шуданд. Ҳамзамон дар ин иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишон  қабул гардиданд.

Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро новобаста аз душвориҳо ва монеаҳое, ки садди роҳи суботи кишвар мегардиданд, ба хотир меорем. Зеро он айём барои сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ хамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон асос гузошт.

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои  Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиклол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни ғанӣ  дар ҷаҳон муаррифӣ месозад. Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастии миллати тоҷик аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ  бо рангҳои хело зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамадуни мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад. Ин аст, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди  миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.

Воқеан ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Точикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011, дар пойтахти кишварамон – шаҳри дилорои Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфт, парафшон гардида бо рангҳои худ пойтахти мамлактро таровати тоза бахшид. Дарозии худи Парчам 60 метр ва паҳноии он 30 метрро ташкил дода, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихори тоҷикону тоҷикистониён дар саросари ҷаҳон гашт. Дар ин рӯйдоди таърихӣ нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст.

Акнун Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Хушбахтона имрӯзҳо Парчами миллии моро дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳо ҳамчун эҳтиром нисбати ин муқаддасот нигоҳ медоранд.

Аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ бо қадрдонӣ, эҳтироми хосса ва тибқи таъйиноти пешбнишуда истифода мегарданд. Дар арафаи иду ҷашнҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни биноҳои маъмурии сохторҳои вазоратро оро дода, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дар рӯҳияи худшиносӣ  ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзи худ тарбия намудани насли ҷавон мусоидат менамояд.

Дар фарҷом муовини вазир Маҳмадуллозода Нурулло бори дигар ҳозиринро бо ин рӯзи файзбахш табрик гуфта таманнои он намуданд, ки Парчами кишварамон дар фазои сулҳу субот ва ороми Ватанамон доимо партавафшон бошад.

Max