Хабарҳо

Дар Душанбе лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»-ро муаррифӣ намуданд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҳамоиш доир гардид. Дар он лоиҳаи нав — «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» муаррифӣ гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд дастгирӣ ёфта, 18 декабри соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тарҳрезии лоиҳаи зикршуда бо ҷалби мушовирони байналмилаливу маҳаллӣ амалӣ гардида, татбиқи амалии он соли 2020 дар назар аст. Тарҳрезии лоиҳаи мазкур зери назорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳа қарор дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими рӯнамоии лоиҳаи мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, миссияи Бонки Осиёии Рушд, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинзода, роҳбари намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава, намояндагони вазорату кумита, идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Сумангул Тағойзода зикр кард, ки лоиҳаи нав — «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо мусоидат хоҳад кард.

С.Тағойзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз самтҳои стратегии тараққиёти ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд, ки омодасозиии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф мебошад. Дар ин зимн лоиҳаи мазкур яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ барои Тоҷикистон маҳсуб шуда, баҳри манфиатҳои миллию давлатӣ дар мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастовардҳои илмию техникӣ, афзоиши ҳиссаи мутахассисони баландихтисос дар иқтисодиёт, такмили малакаи бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ равона шудааст.

Зимни рӯнамоии лоиҳа ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи он ба масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонону занон, ҷалб ва дастрасии қисмати осебпазири аҳолӣ ба таҳсилоти касбӣ ва дастгирии муҳоҷирон диққати махсус зоҳир намуда, дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад хоҳад намуд.

Аз ҷумла, дар доираи ин лоиҳа бунёди 3 маркази рушди малакаҳо ва шуғл дар шаҳрҳои Душанбе (соҳаи туризм ва хизматрасонӣ), Роғун (бахши энергетика) ва ноҳияи Данғара (самти кишоварзӣ) ва 3 маркази муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст. Дар марказҳои рушди малака ва шуғл мутахассисон вобаста ба талаботи истеҳсолоти кунунӣ тайёр карда мешаванд. Дар марказҳои муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар омода карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои беруна мусоидат хоҳад намуд. Бояд гуфт, ки ба ин масъалаҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 афзалиятҳо дода шудааст.

АМИТ «Ховар»

Max