Хабарҳо

Кушодашавии майдончаи варзишӣ дар саҳни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Чи  тавре ки медонем, имрӯзҳо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дар доираи омодагӣ баҳри пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Ин аст, ки имрӯз, санаи 9 ноябри соли 2019 маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ барои бозии тенниси калон ва волейбол дар бинои маъмурии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Майдончаи мазкур ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 411 метри мураббаъ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Арш – сохтмон» сохта шуда, минбаъд барои баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намуди тенниси калон ва волейбол  истифода хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо ин, ҳавз бо фаввора дар қабати майдончаи варзишӣ  таъмир ва азнавсозӣ карда шуд, ки барои истироҳат ва фароғати кормандон берун аз вақти корӣ мусоид аст.

Дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, роҳбарият,  кормандони   дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи вазорат иштирок намуданд.

Max