Хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар истиқболи ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 5-уми ноябри соли равон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон ҷамъомади тантанавиро кушода эълон намуданд.

Сипас, баъд аз садо додани Суруди миллӣ, муовини якуми вазир кулли кормандон ва ҳозиринро аз номи Вазир – муњтарам Тағойзода С.С. табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва таърихӣ дар ташаккул ва рушди давлату давлатдории мамолики ҷаҳон нақши басо муҳим дорад. Агар ба таърихи ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон назар кунем, дар тамоми марҳилаҳои инкишофи таърихӣ ва бахусус дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон Конститутсия нақши калидӣ дорад ва маҳз ҳамин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш махсус таъкид намуда, иброз доштанд, ки “Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”.

Ба соҳибихтиёрӣ ноил гардидани Тоҷикистон боиси дар сатҳи конститутсионӣ аз нав муайян кардани асосҳои сохтори ҷамъиятӣ, сохтори давлатӣ, заминаи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар гардид. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои қабули Конститутсияи соли 1994 гардид. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муқаррар карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи нави ноил гардидан ба соҳибихтиёрии давлатӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон мебошад. Ин конститутсияест, ки бо забони тоҷикӣ бо дасти худди тоҷикон таҳия ва қабул гардидааст, ки он таҷассумгари орзуву ормони тоҷикон дар бунёди давлати миллии хеш мебошад.

Тағйироту иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода ба рушди минбаъди равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосњои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани фаъолияти низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкории байни онҳо, суфтаву равон гардонидани вожаву табрикот тибқи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар ташаккул ва таҳкими давлатдории тоҷикон, такмили низоми ҳуқуқ ва қонунгузории ҷумҳурӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзанда дорад.

Дар фарҷом муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нуъмон бори дигар ҳозиринро ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номаи сарнавишти давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик гуфта, маҷлиси тантанавиро пӯшида эълон намуданд.

 

Max