Хабарҳо

Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»

28 июни соли ҷорӣ дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсози лоиҳа Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии дастгоҳи марказии вазорат Саидов Саидасрор Ҳақназарович бо сухани ифтитоҳӣ ба кори ҷаласа оғоз бахшида, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират, роҳбари лоиҳаи «Ҳифзи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта»-и ЮНИСЕФ  Замира Комилова муҳтавои лоиҳаро асоснок намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ва ташаббусҳои оянда маълумот доданд.

Бояд қайд кард, ки гузаронидани ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз барои самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур аз ҷониби сохторҳои мақомоти дахлдор дар маҳал бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи кўдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта, инчунин наврасону чавонони осебпазир, ки берун аз таҳсил, шуғл ва омўзиш қарор доранд шароит фароҳам оварда, барои беҳтар намудани хизматрасонии онҳо мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи лоиҳаи мазкур дар минтақаҳои интихобгардида, нақшаи кори минбаъда ва камбудиҳои ҷойдошта маълумот дода, иштирокчиён оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли масоил таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа бо назардошти масъалаҳои баррасигардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Max