Хабарҳо

Баргузории фестивал-озмун

Дар боғи Ирам даври ниҳоии фестивал озмуни кандакорӣ, гаҷкорӣ, ойнабандӣ ва кундалнигорӣ баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки чорабании мазкур бо мақсади иҷрои банди 24 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, ташкил карда шуд.

Ҳадафҳои асосии озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандўстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунари «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳо, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо  ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунари  «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ»-ро дар бар гирифта, он дар се давр баргузор гардид. Даври якум ва дуюм аз моҳи май сар карда то аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар чамоатҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони 40 шаҳру ноҳия иштирок намуда, маҳсулоти ҳунари “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигори”-ро ба намоиш гузоштанд.

Ғолибон аз рўи номанатсияҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ муайян карда шуда, бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд. тибқи ҷадвали мазкур дар оянда низ баргузории чунин озмуно ба нақша гирифта шудаанд.

Max