Хабарҳо

Ҷашни Рўзи вахдати миллӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури  Тоҷикистон баҳшида ба 22 солагии  Рўзи ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини якуми Вазир – Сангинзода Эмин Нуъмон кормандонро бо ин иди бошукўҳ табрик намуда, оид ба аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расидааст ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшидааст, ибрози назар намуданд. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки   ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик яке аз дастовардҳои арзишманд маҳсуб меёбад, ки барои истиқрори сулҳ ва суббот дар мамлакат асоси устуворро гузошта аст. Аз ин хотир рўзи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдорӣ ҳамчун рўзи тантанаи сулҳ, розигӣ ва оғози амалӣ шудани ормонҳои мардум ба хотири барқарорсозӣ ва эҳёи кишвар навишта шудааст.

Барқарор намудани сулҳу суббот дар ҷомеа имконият фароҳам овард, ки барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои миллиро оид ба  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат, баргузор намудани чорабиниҳои бузурги сиёсии демократӣ ва фарҳангиро дар фазои озодӣ  таҳия ва татбиқ намоем.

Бояд қайд кард, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он ҳамасола Рўзи ваҳдати миллӣ бо шукўҳу шаҳомати  хоса таҷлил мегардад.

Max