Хабарҳо

Иштирок дар маросими кушодани Маркази тавонбахшии маъюбон

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид рўзи 15 июни соли 2019 якҷо бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Туркия хонум Эмине Эрдоган дар шаҳри Душанбе Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Инчунин дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони маркази тиббӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Тағойзода Сумангул Саид ба роҳбарияти Туркия, инчунин ба Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) барои маблағгузории Маркази тавонбахшии маъюбон миннатдорӣ намуданд. Хонум Эмине Эрдоган Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғонро дар  сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осие (МҲТБО) баргузор гардид, ҳамроҳӣ намуданд. Хонум Эмине Эрдоган ќайд намуд, ки «Дустии мо решаҳои таърихӣ дошта, мероси фарҳангии Тоҷикистон ва Туркияро мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳам мепайвандад. Арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар барои рушди ҳамкориҳои минбаъда байни Тоҷикистон ва Туркия имкониятьҳои мусоидро фароҳам овард».

Бояд ёдовар шуд, ки Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз соли 1995 инҷониб дар Тоҷикистон 300 лоиҳаро дар самти тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ кўмаки хайриявӣ амалӣ намуд.

Дар Маркази тавонбахшии маъюбон физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ғайр аз ин дар Маркази  мазкур имконият фароҳам оварда шудааст, ки дар  баробари расонидани хизмати тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҳамзамон табобати баъдиҷарроҳии беморони шуъбаи ортопедии Маркази миллии тиббӣ гузаронида шавад.