Хабарҳо

Гузориши матбуотӣ оид ба ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Имрўзҳо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Бунёди майдончаи варзишӣ, бозии кўдакон ва истироҳати калонсолон воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон назди биноҳои М7/1, М7/3, М7/4, М7/5 25 ва 26  дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд, ки ин яке аз иқдомҳои ғамхоронаи Роҳбарияти Олии кишвар ба аҳолии мамлакат мебошад.

Бояд қайд кард, ки масоҳати умумии қитъаи замин  аз рўи лоиҳа 3700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин масоҳати майдончаи варзишии универсалӣ – 540 метри мураббаъ,  майдончаи бозии кудакон 470 метри мураббаъ, истироҳати калонсолон 483 метри мураббаъ, масоҳати кабудизоркунӣ 1490 метри мураббаъ, масоҳати роҳу роҳравҳо аз сангҳои ороишӣ 1500 метри мураббаъ ва мумфаршкунии гирду атрофи майдонча 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Майдончаи мазкур бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2017 дар қисмати ғарбии шаҳраки 92 ва дар соли 2018 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳалаи 112–и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта ва ба истифода дода шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар кушодашавии ҳамаи  майдочаҳои варзишӣ сокинон ба мақомоти давлатӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Max