Хабарҳо

Мизи мудаввар бахшида ба Рўзи умуми ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак

Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кўдак муайян намудааст ва дар саросари дунё онро бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ қайд менамояд. Ҳар сол Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат вобаста ба ин сана мавзўи асосӣ интихоб менамояд. Вазъи имрўзаи ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 “Кўдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рўйи орзўҳои худ амал намоянд” эълон гардидааст.

Тоҷикистон дорои аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад ва давлати мо мавқеи худро нисбати ҳуқуқи кўдак муайян кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кўдак, КонвесияҳоиТашкилоти Байналмилалии Меҳнат № 138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан”, № 29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” ва №182 “Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак” ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиѓон” сарчашма мегиранд.

Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 “Рўйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” аз 31 октябри соли 2014, таҳти № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардидаанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвибрасида ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ буда,  ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона карда шуда, барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кўдак ва роҳ надодан ба ҷалби кўдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Яке аз санадҳои байналмилалии ҳатмии ҳуқуқии дигар, ки хусусияти қатъӣ дорад, Протоколи соли 2014 оид ба Конвенсияи соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ба шумор меравад, ки дар Конференсияи генералии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 11 июни соли 2014 қабул гардидааст. Протоколи нави Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат илова ба талаботи Конвенсияи № 29 соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ мебошад ва он амалҳоро бар зидди чунин зуҳуроти муосир, ба монанди савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ қайд менамояд.

Конвенсияи № 29 соли 1930 оид ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳимро бозид. Бояд қайд намуд, ки даҳсолаҳои охир мазмун ва шаклҳои меҳнати маҷбурӣ дигаргун шудааст, аз ҷумла савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ – мавзўи изтироби рўзафзуни ҷомеаи байналмиллалӣ гаштааст.

Соли ҷорӣ зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум Протоколи соли 2014  оид ба Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ аз соли 1930-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре, ки узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баён дошт, “ин ҳуҷҷат талаботи Конвенсия дар самти амалҳои бар зидди чунин зуҳуроти муосир, аз қабили савдои одамон бо мақсади меҳнати маҷбурӣ пурра менамояд”.

Бояд гуфт, ки Конвенсияи зикргардида дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои меҳнати маҷбурӣ нақши ҳаётан муҳим гузоштааст.

Солҳоиохир дар ҷараёни татбиқи муқарароти Конвенсия номутобиқатии он ба масъалаҳои замони муосир ва норасоиҳо дар чораҳои тавсияшавандаи амалӣ, ба монанди чораҳои иловагии пешгирӣ, ҳимоя ва воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, ҷуброни зарар ва тавонбахшии ҷабрдидагони меҳнати маҷбурӣ нақши намоён гаштааст. Тибқи талаботи Протоколи мазкур давлатҳои аъзо уҳдадор мешаванд, ки дар ин самти сиёсати миллӣ чораҳои ба талаботи замон мувофиқро амалӣ намоянд.

Мавриди зикри хос аст, ки мутобиқи моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо меҳнати маҷбурӣ манъ мебошад.

Манъ намудани меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ҷузъи маҷмуи ҳуқуқҳои асосӣ мебошад ва меҳнати маҷбурӣ ба нақзи ҳуқуқҳои инсон ва поймол гардидани шаъну шарафи миллионҳо занон ва мардон, духтарон ва писарон оварда мерасонад.

Соли ҷорӣ Ташкилоти байналмилалии меҳнат 100 солагии таъсисёбии худ ва дар ин росто пешбурди адолати иҷтимоӣ ва таъмини меҳнати арзандаро ҷашн мегирад.

Тибқи маълумот, дарҷаҳон 152 млн. кўдак меҳнат мекунанд.  Меҳнати кўдакон  амалан дар ҳамаи бахшҳо ба назар мерасад, аммо аз  10 нафар кўдакон  7 нафарашон дар соҳаикишоварзӣ кор мекунанд.

Соли ҷорӣ дар Рўзи умумиҷаҳонии мубориза  бо меҳнати кўдакон пешравии дар тўли 100 сол бо дастгирии ТБМ  ба муқобили меҳнати кўдакон  бадастомада баррасӣ мешавад. Аз оғози ташкилёбиаш соли 1919 масъалаи муҳофизати кўдакон ба Низомномаи ТБМ дохил карда шудааст. Яке аз Конвенсияҳои аввалине, ки ТБМ қабул намудааст, ин синни ақали қабул ба кор дар истеҳсолот мебошад.

Дар соли 2019 аз санаи қабул намудани Конвенсияи ТБМ (соли 1999, №182) Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак 20 сол пур мешавад.

Барои аз байн бурдани меҳнати кўдакон дар саҳро ва пешгирии шуѓли кормандони ҷавон дар шароити хатарнок ва садамаовари истеҳсолӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, минбаъд низ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ин самтро таҳким бояд дод. Зеро, меҳнати кўдак барои бехатарӣ, таҳсилу маълумотгирӣ, саломатӣ ва некуаҳволии кулли кўдакон оқибатҳои на чандон хуб дорад.

Мубориза бо меҳнати кўдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ  яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои аз байн бурдани он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Болоравии иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи некўаҳволии мардум ва пайгирии уҳдадориҳои гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кўдак, ҳифзи меҳнати коргарҷавонон, ташкили ҷойҳои кории арзанда барои насли наврас мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил гардем.

Max