Без рубрики Хабарҳо

Омўзиши матни суханронӣ ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд

Рўзи 16 майи соли 2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардида, дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд, бо иштироки роҳбарият, аъзои Ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат ҷаласа ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҷаласаи васеъ, дар баробари аз ҷониби муовини якуми вазир Сангинзода Эмин Нўъмон ба ҳозирин расонидани муҳтавои матни суханронӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо баёнгардида, масъалаҳои ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва сифатноки стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва ҳадафҳои миллии рушд, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидаанд, тақвият бахшидани фаъолият оид ба ҷалб ва истифодаи самараноки сармоя ба соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд, ба роҳ мондани назорати доимӣ ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандони дастгоҳи марказӣ, хадамоту агентӣ ва муассисаҳои давлатии системаи вазорат барои пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, хусусан ҳангоми додани Иҷозатнома ва иҷозати кор ба субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва муносибгардонии хароҷоти буҷети соҳаҳои вазорат, таъмин намудани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва гузаронидани мониторинги доимӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифтанд.

Дар асоси супориши махсуси роҳбарияти вазорат ҳамин гуна ҷамъомадҳои тавзеҳотӣ дар агентиву хадамотҳо, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои таркибии вазорат дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар асоси Нақша баргузор карда мешаванд ва  ин амал минбаъд пайваста идома дода мешавад.

Max